Идона

 

Яке аз рузхои тираи мохи ноябр. Мо аз маъракаи хафт бармегаштем. Пеш-пеши мо марде дар аркааш як лингаи вазнин заминро газам-нагазам базур рох мерафт.

– Ана, ид хам наздик омад, – гуфт Ботур, марди навчаи газгушт, шонапахн.

Дар хамин хангом бачае баланд нидо намуд:

– Ид омаду ид омад, идона фаровон шуд!

– Эъ, дар каври бачадор… – мард лингаро ба замин партофту аз кафои бача сур кард. Лекин ба бача расида натавонист. Бача чун оху парида-парида мегурехт.

– Ист! – мегуфт у.

Вале бача гуш намедод, намеистод.

– Ист мегуям! – амр мекард мард.

Дар охир мард аз давидан хаста шуд.

– Капам мекушам! – тахдиду таъкид кард мард, ки ба обу арак гутида, хаш-хаш мезад. Ва баъд худашро дошта натавониста, боз ба дашноми бача сар кард:

– Э дар гури падарат… дар арвохи… дар зоту зуриётат…

– Ба у чи шуд? – пурсидам аз Ботур, ки уро хуб мешинохт.

– Ба иззати нафсаш расид.

– Чи тур?

– Кимоб аст у.

– Не-е? Кимоб аст? Аз шеър?

– Не, аз идона.

– Не-е! – дар тааччуб мондам ман. – Охир, дар туй туёна ва дар ид идона медиханд. Чи чои кимоби дорад?

– Бале! Лекин вай аз пушти идона дар махбас шишта баромад.

– На-а-аход? Ачоиб-ку! Ку, накл бикун.

Ботур гуиё ин хохиши маро нашунида бошад, харфе назад, хомуш монд.

– Хайр, ку, накл кун.

– Не, – рад кард у.

– Барои чи?

– Метарсам.

– Аз у?

– Не, аз ту, – гуфт Ботур, – даррав менависи.

– Хайр чи?

– Чи бисёр? Игвогару шурандоз. Алов мемонанд, дар бало мемонам.

У лаб фуру баст.

“Буз дар гами чону кассоб дар гами чарбу!” – гуфтаги барин ман аз хохиши худ даст намекашидам.

– Хуш-хуш?

Вай ба руи ман нигарист.

– Натарс, бигу!

Вай руяшро ба дигар тараф гардонд.

– Максад аз навиштани хикоя, – гуфтам ба у, – на хикоя аст, балки хикмати он аст, ки барои дигарон сабак мешавад, ё ба ин ё он хонанда рахнамо.

– Эъ, биё мон! – даст афшонд у. – Холо аз муи сар хам бисёр менависанд, вале кам мехонанд, ё хонанд хам на хамеша сари хондаашон фикр мекунанд. Имруз дар чумхури ба хисоби ман кариб 50 нашрия чоп мешавад, лекин 50 сухани халол намеёби. Аз пашша фил месозанд!

– Ох-ха, ана гапу мана гап! Лекин айби ки? Айби ту баринхо!

– Чи, чи?

– Ха, ха. Наранч. Ана, холо ту намехохи накл куни. Ман мачбурам, ки бофам. Чизи бофта, албатта, ганда мебарояд.

Вай дакикае чанд хомуш монд. Баъд гуфт:

– Хайр, ин хел бошад чи хам гуям… Лекин номашро иваз мекуни.

– Майлаш. Хуш… Номашро Рустам мемонам. Мешавад?

– Чи-и?! Рустам? О, ин номи падараруси ман! Чи, мехохи, ки хонаи ман вайрон шавад?!

– Не, не! Хеч гох! Худо нишон надихад. Хайр, худат таклиф кун.

– Давлат. Мешавад? Набошад гуш кун…

 

2

 

Туй бо туёна ва ид бо идона зеб дорад. Ин одати ачдодии мо сахту сангин аст. Ба мисли кухсорамон. Канд хуру дар туй туёна набар ва ё дар ид идона надех. Э-ха! Ради маърака мешави! Пес, махав шуда мемони! Ё худро меовези ё саратро гирифта аз деха баромада мерави. Рохи сеюм вучуд надорад. Ё ва ё! «Не»-яш нест! Амаки Давлат чилу хашт соле, ки дар деха зиндаги кард, аз ин одати ачдоди кадаме берун нагузошт. Соли чилу нухуми умр такдир уро ба шахри калон оварад. Дар ин шахри пурдуду пургавго хам, ки саг сохибашро намеёбад, ин одат риоя мешудааст. Дар ин чо хам чун дар деха бачахо села-села шуда ба таги дарат омада, хурсандона:

– Иду айём муборак, пайса, майса каторак, як тухмаки хаворак! – гуён нидо мекардаанд.

Тез дарро мекушоию гуё гулзорро мебини. Хазор гул бо хам печида хазор ранг ба хам омехта. Ба онхо идона медихиву худат хам халоват мебари. Аз хандаи чун хуршедашон, аз шодиву нишоташон, аз таровати чун гулгунчахои ношукуфтаашон маст мешави. Ба рости то огози бозсози масъалаи идона ба кавле дарди сар намешуд. Бозсози омаду ба гардани борику дарози амаки Давлат боз як гам бор шуд. Бале гами идона. Оббо! Замони карахти чи хел хуб буд-а! Тухму чормагз фаровону арзон. Садта тухму панч кило чормагз мехариди, олам гулистон. Ё ки якта панчсумая майда карда мегирифтиву ба хар бача медоди, сад бор рахмат гуфта, хурсанд мерафт. Тангаву тухму чормагз байзаи тилло шуда монд. Вале иди соли гузашта, амаки Давлат илочашро ёфт. Хазор дона пуфаки харранга харида, се руз идона дод. Боз се донааш монд. Худаш онхоро дам карда ба бачахояш дод. Имсол хам ният дошт, ки пуфак мехараду чон халос. Вале як бегох ба сараш гуё яхоби Сибирро рехтанд, пас аз таробех Бурии пакана, забонаш хорид ё баркасди амаки Давлат аз домулло пурсид;

– Мухтарам домулло, бигуед, ки чи идона шуда метавонад?

Ин саволи ногахони беш аз хама амаки Давлатро хавотир кард. Вай бесаранчом шуда, ба дахони домулло дида духт.

– Хмм, – домуло, ришашро хилол карда, ба андеша рафт. Сипас оиди пайдоиши идона як соат ваъз хонд ва баъд худаш хам монда шуд магар, ки гуфт:

– Лунда карда гуям, хама чизи хурдани идона шуда метавонад!

Ба дили амаки Давлат оташ афтод.

– Пуфак чи? – охиста пурсид аз домулло.

– Пуфак, пуфак… – киёфаи мутафакиронае гирифт, – не, пуфак идона шуда наметавонад!

– Барои чи? – бо умеди охирин пурсид амаки Давлат.

– Барои чи? Хмм… Чунки… вакте ба бача пуфак медихед, хурсанд мешавад, вале вакте пуфак мекафад, гамгин. Аз ин ру пуфак идона додан макрух аст. Бехтараш тухм дихед.

– О пеш…

– Кори дунё пеш – меш надорад, бандаи Худо, – норозиёна суяш нигарист домулло ва гапи амаки Давлат дар дахонаш монд. Тарбуз аз багалаш афтоду шикаст ва обаш ба руяш парида, ба донахои арак табдил ёфт…

Вай хафаву бедимог ба хона омада, аламашро аз завчаву бачахояш гирифт ва хаставу бедимог хоб рафт, вале сахар бо пои рост хеста будааст, ки бахташ хандид: аз дукони пеши хона чор кутти, яъне яксаду бист дона тухми арзон дастрас кард.

– Худоё! Ин кадар тухмро чи кор мекуни? – бо изтироб истикболаш кард хамсараш.

– Тухмбози! – шухи пеш овард амаки Давлат.

– Пирию хартози?!

– Хафтафахм! Барои ид!

– О, то ид холо дур-ку?

– Хой муйдарози аклкутох, ин тухмхоро Худо дод! Дар балкон мон, истодан мегирад. Ошу нон намехурад-ку!

– О, вайрон мешавад! – гуфт зан норозиёна, вале амаки Давлат дигар гуш накарда, баромада рафт.

 

3

 

Ду руз пеш аз ид ногахон чирроси очаи бачахояш ба фалак печиду амаки Давлат, хавотир шуда ба балкон тохт.

– Чи гап? Чи газид?

– Хеч чиз нагазидааст, – ох кашид завчааш. – Тухмхо…

– Ба тухмхо чи шуд? Муш бурдааст?

– Кошки муш мебурд… Чуча баровардаанд!

– Чуча?! – Аз ин чавоби ногахони амаки Давлат кариб носи дахонашро фуру бурда буд.

– Худо шохид!

Дар хакикат балконро чуча зер карда буд. Аз 120 тухм 120 чуча баромадааст гуем, бовар кунед. Сафед, зард, сиёх, алобуло…

Хуш аз сари амаки Давлат парид, вале чучахо чирик-чириккунон гуё ба холи зораш механдиданд.

– Чи кор мекунем? Рузи ид шармандаи ду дунё мешавам! – мушт ба сар зад у.

– Нанолед, мардак! – тасалло дод хамсараш. – Шукр кунед!

– Шукр кунам? Ба чи шукр кунам? Маро масхара мекуни?

– О, ном мебарорем, мардак, ном! Холо як чуча – си сум! Бачахо чон-чон гуфта ин идонаро мегиранд.

– Рост мегуи, занак, – ба тани амаки Давлат чон даромад. – Хакикатро бигуем, аз ин идонаи зуртар нест-ку! Бача хурсанд мешавад? Мешавад! Пас идона аст? И-до-на!

Дар хакикат ид бисёр хуб гузашт. Бачахо хурсанд буданд. Хазл не, идона – чуча!

Вале баробари расидани шом, амаки Давлат худ ба худ зик шудан гирифт.

– Чи шуд? – пурсид хамсараш.

– Намедонам, як тарафи дилам торик.

– Ин аз хастаги, хоб кун, дам гир, мегузарад.

Аммо хоб кучо? То карибии субх фикру хаёлхои мухталиф оромаш нагузоштанду субхдам занги дар бедораш кард. Вай хавотир дарро кушода, дар остона ду марди пахлавончуссаро дид.

– Давлат Давлатов? – пурсид яке бо дагдага.

Вай хайратзада:

– Ха-а… ман, – гуфт.

– Бо мо мерави!

– Шумо кистед?

– Хомиёни конун!

Хамсараш баромада шуру гавго бардошт, вале он ду тан ба дасти амаки Давлат кашан зада, бурдандаш.

 

4

 

Амаки Давлат, дар милисахона ба худ омада пурсид:

– Чи гап?

– Чи гап?! – дуг зад яке аз милисахо. – Аз кисаи давлат савлат мекунию, боз мепурси, ки чи гап?

– Чи хел савлат? – Амаки Давлат даступо хурд.

– Ки чучахои давлата дуздида ба бачахо таксим кард?!

Амаки Давлат таги гапро фахмида, охи сабук кашид ва киссаро начакондаву нарезонда гуфт.

Милисахо аввал кох-кох занон хандинанд. Баъд яке бо ангушташ тахдид намуд:

– Ха, доное, пухтае!

– Бофтанаша бинед-а! Нависанда-ку нести? – Теги нигох суяш кашид дигаре.

– Не… – гаранг-гарангу канда-канда гуфт амаки Давлат.

– Нависанда ки набоши, чаро мебофи?!

– Чи бофтам?

– Афсона!

– Афсона набофтаам. Худо шохид!

– Дар ин хел корхо Худо шохид шуда наметавонад!

– Хаёл накун, ки мо намефахмем! Мо харду то ба кариби дар фермаи мург кор мекардем. Шукри Худо мефахмем, ки мург чисту чуча чист.

– Гапа бин-а?! Аз 120 тухм 120 чуча-а! Э рут сиё-е! Дар инкубатори давлат аз сад тухм базур дах чуча мебарояду дар хонаи ту аз 120 тухм 120 чуча баромадааст?!

– Муъчиза…

– Муъчизаро дар суд мефахмони!

То конундонхо “муйро аз хамир чудо карданд”, ки амаки Давлат понздах руз шишта, аз идона кимоб ба дунёи рушан баромад…

10 октябри соли 2000

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …