Главная / Илм / ГЕЛМИНТОЗХО

ГЕЛМИНТОЗХО

gelmintoziГЕЛМИНТОЗХО (Helminthosis), беморихои одам, хайвонот ва растани, ки гелминтхо (кирмхои паразит) ба вучуд меоранд. Г.-и одам вобаста ба ангезанда ба чунин гуруххо чудо мешаванд: трематодозхо (ангезандаашон трематодахо – киччахои маканда), сестодозхо (ангезандаашон сестодахо – тасмакирмхо), наматодозхо (ангезандаашон нематодахо – лундакирмхо) ва акантосефалёзхо (ангезандаашон акантосефалахо – кирмхои хорсар).
Одам бештар ба чунин Г. дучор мешавад: описторхоз, дифиллоботриоз, гименолепидоз, тениидозхо, эхинококкоз, аскаридоз, анкилостомидозхо, трихинеллёз, трихосефаллёз, энтеробиоз.
Г. вобаста ба сикли инкишофи гелминтхо ба ду гурух – геогелминтозхо ва биогелминтозхо чудо мешаванд. Рох ва тарзи интиколи гелминтхо гуногун буда, ба хусусияти биологии паразит вобаста мебошанд. Тухм ё кирминаи ангезандаи геогелминтозхо бидуни иштироки хомил инкишоф меёбад. Онхо аз организми хомил ба воситаи начосат ба мухит (хок, об ва г.) афтода, дар он чо болиг ва кобили сироят мегарданд. Одам аз гелминтхо ба тавассути дасти ношуста, сабзавоту мева, об, гарду чанг ва г. сироят меёбад. Кирминаи ангезандаи анкилостомидозхо хангоми тамос ба хок (пойлуч гаштан, дар руи замин дароз кашидан ва г.) аз пуст ба организм мегузарад.
Ангезандаи биогелминтозхо факат бо иштироки ду ё чанд хомил (нихои, мобайни ва баъзан иловаги) инкишоф меёбад. Биогелминтозхо ба одам дар натичаи истеъмоли гушти сироятноки нопухта (тениоринхоз), гушти хук (тениоз), мохи (дифиллоботриоз), харчанг, харчанги оби таъсир мерасонанд. Ошомидани оби ночушонида низ барои сар задани Г. шароити мусоди фарохам меорад. Сироят аз филяриатозхо бошад, дар натичаи газидани магасхо ва диг. хашарот ба вукуъ мепайвандад.
Навъхои гуногуни гелминтхо дар узву бофтахои муайян маскун шуда, онро иллатнок мекунанд. Зухуроти бемори гуногун буда, ба навъи кирм ва шумораи он, чойгири, холати умумии организм ва г. вобаста аст. Хангоми Г. мариз хароб, тундмизоч, бехол мешавад, сараш чарх мезанад. Агар кичча дар руда маскун шавад, кабзият ё исхол, дилбехузури, баъзан кай ба вучуд меояд; агар кирмхо дар чигар чой гиранд, беморро зарди зер мекунад; киччаи шуш сулфа меорад. Дар мавриди гирифтори ба Г. кобилияти кори суст шуда, инкишофи рухию чисмонии кудакон халал меёбад, онхо дер ба балогат мерасанд, кундзехн мешаванд.
Барои табобати Г. аз дорухои киччакуш истифода мекунанд. Дегелминтизатсия, одатан, самараи хуб меорад. Дар мавриди баъзе Г. (эхинококкоз, алвеококкоз) амалиёти чаррохи мегузаронанд.
Бо максади пешгирии Г. риояи коидахои санитарии зерин хатми мебошад: пеш аз истеъмоли гизо ва тахияи хурок, шустани дастон; саривакт гирифтани нохунхо, хоса дар кудакон; кабл аз истифода шустани меваю сабзавот ва дар оби чуш тар кардани онхо; нушидани обе, ки безарар гардонда шудааст, чушонида истифода кардани оби чуй ва каналхо; нест кардани магасхо – пахнкунандагони тухми гелминтхо; назорати вазъи санитарии дехахо, пешгири кардани ифлосии обу хок; аз муоинаи духтурон гузарондани ахоли; хангоми корхои вобаста ба замин пушидани пойафзор ва дастак.
Беморро нафакат аз кирм начот додан (яъне табобат намудан), балки тухми кирмхоро нест кардан лозим. Он гох шахс такроран ба он гирифтор намешавад. Чунин тадбири муштараки пешгири ва табобатро дегелминтизатсия меноманд.

Ш. Матинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …