Шаби кадр, лайлатулкадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر) — шаби муайяншавии такдир, голибан шаби 27-уми мохи Рамазон, ки бехтарин шаб барои ибодат медонанд ва он шаб дуовуибодат зуд ичобат меёбад.
Мусулмонон бар он боваранд, ки дар он шаб Куръони карим бар Пайгамбар Мухаммад (с) нозил шудааст. Шаби Кадр дар яке аз шабхои токи дах рузи охири мохи Рамазон мебошад, дар Куръон баён гардидааст, ки он шаб аз хазор мох бехтар мебошад. Дар он шаб аввалин маротиба панч ояти сураи Алак нозил шудааст.
Маънои кадр
Дар Тарчумону-л-Куръони Чурчони шаби Кадр шаби андоза кардани корхо гуфта шуда ва сохиби Кашшофу истилохоти-л-фунун оварда: Шаби Кадр шабест бо иззату шараф, ки хар кас дар он тоат кунад, азизу мушарраф гардад ва дар ат-Тафхими Беруни омада: Ва андар мохи Рамазон лайлатулкадр аст, он-к чалолат уро ба шабхои токи дахаи пасин чуянд.
Дар мохи Рамазон шабе хаст бо номи шаби Кадр, ки дар назди Худованд аз хазор мох бехтар ва боарзиштар аст. Шабе, ки дар миёни осмону замин ва башарият бо олами улви ва фариштагон робитаи бевоситае баркарор гардид ва дар он нузули Куръон бар дили поки охирин паёмбари Худо хазрати Мухаммад (с) огоз гардид. Шабе, ки чахони хасти бо шодмонии нотакроре онро пешвоз гирифт ва ходисаеро бо он азамат ва шукух харгиз надида буд.
Фазилати шаби кадр дар Куръон ва Аходис
Донистани кадру азамати он шаб барои хелехо муяссар намегардад. Дар он шаб фариштагони Худованд ва хазрати Чабраил (ъ) барои хар коре бо амри Парвардигорашон фуруд меоянд ва то дамидани субх дар он шаб нуру баракат ва салому осоиш хукмфармост.
Фазилати шаби кадр дар Куръон
Худованд мефармояд:
إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ وَمَا أَدْرَاكَ مَا لَيْلَةُ الْقَدْرِ لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْرٍ تَنَزَّلُ الْمَلَائِكَةُ وَالرُّوحُ فِيهَا بِإِذْنِ رَبِّهِمْ مِنْ كُلِّ أَمْرٍ سَلَامٌ هِيَ حَتَّى مَطْلَعِ الْفَجْرِ
«Мо ин (Куръон)-ро дар шаби Кадр нозил фармудем ва ту чи дони, ки шаби Кадр чист? Шаби Кадр, бешак, аз хазор мох бехтар аст. Фариштагон ва Рух (Чабраил) дар он шаб барои хар коре ба амри Парвардигорашон фуруд меоянд (ва) он (шаб) то дамидани субх салому осоиш аст»[2].
Ин сураи Куръон бо номи «Кадр» номгузори ва барои баёни фазилатхои шаби Кадр нозил гардидааст, шабе, ки алтофи бепоёни Парвардигори олам бар бандагони рузадораш фуруд меоянд ва онхоро дар зери пушиши лутфу навозишхои худ карор медихад.
Дар ин сура ба чахор хусусият ва фазилати шаби Кадр ишора шудааст: 1. Нузули Куръони карим дар хамин шаб огоз гардидааст, 2. он шаб аз хазор мох бехтар мебошад, 3. фариштагон ва хазрати Чабраил (ъ) дар он шаб барои анчоми корхои муайяне бо амри Парвардигор ба замин меоянд ва 4. он шаб то сахар дар сар то сари олами офариниш садои салому дуруди офаридагони Худованд баланд мешавад ва дар он то субх нуру баракат ва амну осоиш хукмфармост. Шабест, ки дар он чаш¬ни хамагони дар сар то сари олам баргузор мегардад.
Худованд шаберо бо ин азамат дар ихтиёри рузадорон карор дода, то омилхои бако ва човидонагии номи нек ва саодату растагории ду чахонро барои худ фарохам намоянд. Шабе, ки аз хазор мох, яъне аз як умри одами, ки бештар аз хаштоду се солро дар бар мегирад, бехтар ва боарзиштар мебошад. Пас агар рузадоре дар умри худ чандин шаби Кадрро бо тамоми маъно дарёбад, бегумон, хушбахттарин одам хамон кас аст.
Шабе, ки баракоти он аз хаштоду се сол умри бо тоату ибодат бехтар аст, чи расад ба умри бехудаву пуч. Одамоне, ки умреро дар бехудаги ва аз кафои корхои ботил гузаро-нидаанд, бояд бештар бикушанд, то аз ин мох ва ин шаб хуб истифода намоянд. Шояд гузаштаи худро дар зарфи як мох ва ё дар як шаб ва як чашм пушидан чуброн намоянд ва дар пеши Парвардигорашон сарбаланд гарданд.
Шабе, ки агар банда кадри онро бо истифода аз баракоти маънавиаш дарёбад, фардои он барояш рузи нав ва хаёти дигар аст, ба гуфтаи Саъди:
- Муборактар шабу хуррамтарин руз,
- Ба истикболам омад бахти пируз.
- Духул зан, рав башорат гу ду навбат,
- Ки душам кадр буд, имруз навруз!
Фазилати шаби кадр дар аходис
Оиша (р) мефармояд, ки «Паёмбар (с) дах рузи охири мохи Рамазонро (ки шаби Кадр дар яке аз шабхои токи он мебошад) зинда медошт ва ахли худро низ бедор месохт ва аз наздикии заношавхари канора мечуст.
Шаби Кадр дар яке аз шабхои токи дах рузи охири мохи Рамазон мебошад. Паёмбар (с) мефармояд: «Онро дар шабхои токи дах рузи охири мохи Рамазон бичуед». Хикмати ба таври дакик муайян нагаштани он шаб дар он аст, ки бандаи муъмин тамоми он дах шабро дар зикру ибодат ба сар барад ва ба хотири он як шаб дахаи охирро пурра эхё намояд. Шояд яке аз хикматхои суннат будани эътикоф дар дах рузи охири мохи Рамазон низ чидду чахде барои эхёи дахаи охири он бошад.
Кавли рочех дар назди донишмандон он аст, ки дар шаби бистухафтуми Рамазон будани шаби Кадр ба якин наздиктар аст. Ибни Хачар дар «Фатхулбори» пас аз барраси ва зикри тамоми ривоятхо ва нуктаназароте, ки дар бораи шаби Кадр вучуд доранд, мегуяд: «Рочехтарини кавлхо ин аст, ки «шаби Кадр» дар дахаи охири мохи Рамазон мебошад ва хар сол аз шаби токе ба шаби токи дигаре интикол меёбад».
Ибни Аббос (р), Убай ибни Каъб (р), Ибни Масъуд (р) ва дигарон дар чандин ривоят ва бо чандин вачхи истидлол дар шаби бистухафтум будани онро ба якин наздиктар донистаанд.
Оиша (р) мефармояд, ки аз Расули Худо (с) пурсидам: «Эй Расули Худо (с), агар он шабро дарёфтам, чи бигуям? Фармуд: Бигу: Худовандо! Ту бахшандаи ва афву бахшишро хатман дуст медори, пас маро мавриди афву бахшиши Худ карор дех».
Паёмбар (с) дар кисмати охири хадисе, ки фазилати мохи Рамазонро баён менамояд, мефармояд: «Дар он мох шаби Кадр аст, ки аз хазор мох бехтар аст. Касе аз хайру (баракоти) он шаб махрум гардад, махруми (бадбахти) хакики хамон кас аст». Оиша (р) мефармояд: «Расули Худо (с) дар дахаи охир ончунон кушиш ва чидду чахд мекард, ки харгиз дар дигар вактхо чунин намекард».
Дар шаби Кадр сарнавишт ва кисмати яксолаи тамоми мавчудот, аз чумла инсон, таксим ва навишта ме¬шавад. Худованд мефармояд: «Дар он шаб тамоми корхо (и бузург) таксим ва аз хам чудо сохта – файсала мешаванд».
Дар он шаб тамоми корхои хакимонае, ки инсонро ба саодат бирасонанд, аз суи Худо баён ва мукаррар гардидааст ва дар он усул ва пояхои дини чахонии Ислом гузошта шудааст. Гузашта аз ин, дар ин шаб сарнавишти яксолаи афрод, миллатхо, давлатхо ва нажодхо муайян мегардад, балки такдири тамоми халоик ва ха¬коик рехта мешавад.