Хондани намози идонаи мохи шарифи Рамазон, вочиб буда бехтар аз суннат мебошад вале аз фарз поёнтар аст. Ин намози чамъиятии асосан мардона буда дар масчид субхидам пас аз ба итмом расидани мохи шарифи Рамазон- яъне дар субхи якуми мохи Шаввол хонда мешавад.
Ният кардам, бигузорам ду ракаъат намози иди Рамазон бо чумлаи такбироташ, ки вочиби хамин вакт аст, руй овардам ба кибла, киблаи ман ба чихати Каъба, иктидо кардам ба имоми хозиристода, холисаллилохи таъоло Аллоху акбар.
Ин сухани дар боло гуфташуда, Нияти намози идонаи Рамазон буда дар огози намози фитр аз тарафи иштирокчиёни намоз гуфтан хатми мебошад, ва ин ба забони точики аст.
Маълумоти мухтасар дар бораи намози идонаи Рамазон (Фитр):
Вакти намози идонаи мохи Рамазон пас аз такрибан 30 дакика баромадани офтоб то нисфирузи (вакти намози пешин) хондан мумкин аст вале асосан хубтараш субхидам. Намози идонаи мохи Рамазонро паёмбар Мухаммад (САВ) доимо хамасола мехонданд ва дусташ медоштанд.
Рузи хондани намози идонаи Рамазон хатман ботахорат ва хубтараш –гуслдор, буда либоси тоза ва таъби болида доштан зарур аст. Пас аз намози идона кас метавонад ба аёдати бечорахолон, наздикон, азизон, беморон, манзил ва хонадонхое, ки чанде пеш наздиконашон фавдидааст рафта порахои Куръонро хонанд амалхои нек хисобида мешавад.
Умуман намози идонаи Рамазон хамаги иборат аз ду ракаъат буда пеш аз хондани он мардум хачи барвактар ба масчид омада якдигарро бо ин ид якдигарро муборакбоди гуфта баъдан дар нишаста то огози намоз гуш бар амри маъруф ва табрикоти рохбарияти минтака (деха, нохия, вилоят ва г) намуда ба хондани намоз омода мешаванд.
Барои ба хатоги рох надодан дар баъзе холатхои аз чониби имом ба иштиркчиён (ибодаткунандагон) тартиби хондани намози идона такроран ба ёд меорад.