Дил узви марказии гардиши хуни одам ва хайвон, ки харакати хунро дар рагхо таъмин менамояд. Дили хайвони ширхур ва одам дар кафаси сина, байни харду кисми шуш, дар болои диафрагма чой гирифтааст. Дили одами калонсол ба хисоби миёна 220-300 г ва дарозиаш 12-15 см мешавад.
Вазифаи Дил чун узви мушаки буда, аз пешдил ва меъдачаи чапи дил (хунро аз венаи гардиши хурди хун ба артерияи гардиши калони хун мегузаронад) ва пешдилу меъдачаи рости дил (хунро аз венаи гардиши калони хун ба артерияи гардиши хурди хун мегузаронад) иборат аст.
Тарафхои чап ва рости дил бо девораи яклухт аз хамдигар чудо шудаанд. Девораи дил се кабат дорад:
1) кабати берунии серози – эпикард;
2) кабати мобайнии мушаки – миокард;
3) кабати даруни – эндокард.