Главная / 2017 / December / 12 (страница 2)

Архивы за день : 12.12.2017

АЛАФИ ГУНЧИШК

Herniaria_glabra

АЛАФИ ГУНЧИШК (Herniaria glabra), д а б б а г и ё х, гиёхест бисёрсолаи худруй. Пояи аз бех шохаронда (то 25 см), барги дарозруяи байзашакл ё мудаввар, гули майдаи зард дорад. Бахорон гул карда, тирамох тухм мебандад. Дар Точикистон дар куххои Курама, Туркистон, Зарафшон, Хисор, Дарвоз ва нохияхои чануби …

Муфассал »

АЛ-АСБОБ ВА-Л-АЛОМОТ

asar-7

«АЛ-АСБОБ ВА-Л-АЛОМОТ», асари Абулхасан Саъид ибни Хибатуллохи Багдоди (1044 – 1101) дар боби тиб. Китоб дар баёни сабабхову нишонахои та- моми беморихову иллатхои инсон буда, муаллиф онро дар Багдод барои халифаи аббоси ал-Муктади биамриллох таълиф кардааст. Асар аз 83 боб иборат мебошад. «АЛ-АСБОБ ВА-Л-АЛОМОТ», асари Начибуддин Абухомид Мухаммад ибни Али …

Муфассал »

АЛАЛИЯ

alaliya

АЛАЛИЯ (аз а – хиссачаи инкори ва lalia – нутк), вучуд надоштан ё суст инкишоф ёфтани нутк дар кудакон, ки зимни он кобилияти шунавоии онхо махфуз ме- монад. Ниг. Гунги.

Муфассал »

АЛ-АДВИЯТУ-Л-МУФРАДА

asar-8

«АЛ-АДВИЯТУ-Л-МУФРАДА», асари табиб ва гиёхшиноси маъруфи Андалус Абучаъфар Ахмад ибни Мухаммади Гофикии Магриби (ваф. 1165). Ба забони араби таълиф шудааст. Китоб дар боби худ беназир буда, боиси шухрати муаллифаш дар Шарку Гарб гаштааст. Гофики дар ин китоб хамаи он чиро, ки Дискуридусу Чолинус пеш аз у баён кардаанд, бо ибороти …

Муфассал »

АЛВЕОЛИТ

Alveolit

АЛВЕОЛИТ (Alveolitis), илтихоби дандонхона (алвеола), ки бинобар хангоми кандани дандон сироят ёфтани он сар мезанад. Нигохубини нодурусти алвеола баъди кандани дандон низ метавонад мучиби А. гардад. Сахт дард кардани чойи дандон (баъди 2 – 3 рузи кандани дандон пайдо мешавад), бо пардаи хокистарранг ё лах- таи хуни сиёх фаро гирифта …

Муфассал »

АЛГОМЕНОРЕЯ

ALGOMENOREIa

АЛГОМЕНОРЕЯ (Algomenorrhoea; аз algos – дард, men – мох, rhoia – чараён), бо дард чараён гирифтани хайз. А. яку- мин ва дуюмин мешавад. А.-и якумин дар вакти инфантилизм (пурра сабзиш наёфтани бачадон), беморихои системаи асаб, нуксонхои инкишофи узвхои тано- сул (чинси) ба назар мерасад. А.-и дуюмин хоси беморихои илтихобии узвхои …

Муфассал »

АЛВЕОЛА

alveola

АЛВЕОЛА (аз лот. alveolus – чашмак, чукурча, хубобча), 1) кисми интихои гадуд, ки чашмакмонанд аст; онро атсинус низ меноманд; 2) кисми аъзои дастгохи нафас. Хубобчаи бо бофтахои пайванди фароги- рифтаест, ки ба чавфи бронхиолахо кушо- да мешавад. Аз берун ба он капиллярхои эндотелий, ки мубодилаи газро байни А. ва хун …

Муфассал »

АЛВЕОКОККОЗ

alveokkoz

АЛВЕОКОККОЗ (лот. Alveococcosis), эхинококкози алвеолави, бемории гелминтиест аз гурухи тениидозхо. Ангезандаи бемори алвеококк (Echi- nococcus multilocularis) буда, дар рудаи борики хайвонот (сагу гурбахо, рубох, гург ва г.) маскун аст. Дар организми одам кирминахои он чой мегиранд. Да- розии алвеококки болиг 1,3 – 2,2 мм аст. Кирминаи он мисли гудда (гирех)-ест, …

Муфассал »

АЛДОЛАЗА

aldolaza

АЛДОЛАЗА, як навъ фермент. Дар организм дар раванди гликолиз ширкат меварзад. Фаъолии А. дар хун дар мавриди ташхиси баъзе беморихо ахамияти калон дорад. А. дар хама бофтахои организм мавчуд аст. Он дар бофтахои омоси саратони нисбат ба бофтахои солим фаъолияти бештар зохир мекунад. Хангоми баъзе беморихо (дистрофияи мушакхо, иллати паренхимии …

Муфассал »

АЛДЕГИДХО

aldegidi-1

АЛДЕГИДХО, пайвастхои органики. Дар таркиби худ гурухи карбонили бо радикали органики ва атоми гидроген пайваст доранд. А. дар спирт ва эфир хуб хал мешаванд. А. аз чихати химияви хеле фаъоланд. А. зуд оксид шуда, ба кислотахо табдил меёбанд. Дар натичаи ба А. пайваст шудани гидроген, об, спирт, кислотаи сианид, бисулфати …

Муфассал »