Главная / Илм / АЛАФИ ГУНЧИШК

АЛАФИ ГУНЧИШК

herniaria_glabraАЛАФИ ГУНЧИШК (Herniaria glabra), д а б б а г и ё х, гиёхест бисёрсолаи худруй. Пояи аз бех шохаронда (то 25 см), барги дарозруяи байзашакл ё мудаввар, гули майдаи зард дорад. Бахорон гул карда, тирамох тухм мебандад. Дар Точикистон дар куххои Курама, Туркистон, Зарафшон, Хисор, Дарвоз ва нохияхои чануби чумхури дар чойхои санглоху регзори сохили дарёхо, нишебихои кух, дашту сахро ва заминхои партов, канори рох (дар баландии 800 – 2400 м аз с.б.) меруяд. Бо максади доруи А. г.-ро дар давраи гулшукуфт мегундоранд. Дар тибби халки баргу пояи онро чун доруи пешоброн, барои та- бобати обхура (истиско), беморихои шушу гурда, тарбод, сил, бронхит, илтихоби банд, иллати узвхои хозима, никрис ва сузок истифода мебаранд. Бо он захмхои гуногунро даво мекунанд. Дар амалияи тибби муосир чойи А. г. чун давои пешоб- рон тавсия шудааст. Барои ин 2 кошукча баргу пояи хушки онро дар як истакон оби чуш андохта то хунук шуданаш нигох медоранд ва рузе 3 – 5 маротиба яккошуки менушанд. Накеъи А. г. дар мавриди осеби хавзакхои гурда ва пешоброха, хорич кар- дани санги масона (пешобдон) нафъ дорад. Барои ин 3 кошукчаи онро дар 2 истакон оби чуш (вояи шабонарузи) 15 дакика андохта мемонанд ва сипас менушанд.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекар- ственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …