ЙОД

yodЙОД (Iodum), I, элементи химиявии гурухи VII системаи даврии Менделеев, раками ат. 53, массаи ат. 126, 904, мансуби галогенхо. С. 1811 химики франсави Б. Куртуа кашф кардааст. Дар табиат дар намуди пайвастхои собити 127I вомехурад. 131I ва 133I – изотопхои мухими радиоактиви сунъии Й. мебошанд. Микдори Й. дар кишри Замин 4 • 10–5% аст. Дар харорати мукаррари Й. кристалли сиёхтоби чилояш металли аст; t гуд. 113,5°С, t чуш. 184,35°С, зичиаш 4930 кг/м3. Хангоми гарм кардан бухор шуда, буги захрноки бунафш хосил мекунад. Номи Й. хам аз хамин чо гирифта шудааст (юн. iodes – ранги бунафш). Молекулахои Й. дуатома мебошанд. Й. оксидкунандаи зур аст. Дар об бад, дар халкунандахои органики (атсетон, хлороформ, эфир, спирт ва махлули обии йодиди калий) нагз хал мешавад. Й. аз чихати фаъоли баъд аз бром ва хлор меистад. Бо оксиген, сулфур, нитроген бевосита ба реаксия дохил намешавад, бо гидроген ва аксари металлхо танхо хангоми гарм кардан ба реаксия медарояд.
Дар организми хайвонот ва одам Й. чун микроэлементи зарури ба мубодилаи модда, хусусан ба функсияи гадуди сипаршакл, раванди диссимилятсия ва г. таъсири калон дорад. Талаботи шаборузии одам ва хайвонот ба И. 3 мг/кг (дар холати хомилаги ва хунук хурдан зиёдтар) аст. Бо сабаби норасоии Й. дар хурок ва об ба 1 т намаки оши 10 – 25 г KI илова мекунанд. Аз организм Й. бо гадудхои арак, шир, луоб, гурда (то 70 – 80%) ва каму беш бо захра хорич мешавад.
Ба дорухои Й., ки дар тиб истифода мешаванд, махлули Люгол, пайвастхои гайриорганикии йод (йодидхо, йодиди калий ва натрий), пайвастхои органикие, ки йодро тачзия мекунанд (йодоформ, йодинол), пайвастхои органикие, ки дар молекулаи онхо Й. устувор чой гирифтааст ва г. мансубанд.
Дорухои Й.-и мукаррари таъсири зиддимикроби доранд. Бинобар ин онхоро чун дорухои зидди уфунат (антисептики) кор мефармоянд. Бо ин максад пайвастхои органикии он, ки Й.-и мукаррариро тачзия мекунанд, истифода мешаванд. Дар вакти ба пуст ва луобпардахо молидан дорухои Й. таъсири ангезишовар мерасонанд. Хангоми истеъмоли дорухои Й. онхо аз рохи меъдаю руда ба хун гузашта, микдори холестеринро дар таркиби хун кам мекунад. Й. ба фаъолияти гадуди сипаршакл таъсири дучониба мерасонад. Хангоми гипотериаз он дар раванди хосилшавии тироксин иштирок мекунад; дар мавриди зиёд будани фаъолияти гадуди сипаршакл бошад, вояи ками он метавонад хосилшавии тироксинро ба таъхир андозад (вояи ками Й. – микройод хосилшавии гормони тиреотропиро дар хиссаи пеши гипофиз бозмедорад). Аз ин ру, дорухои Й.-и мукаррари ва пайвастхои гайриорганикии он (йодиди натрий, йодиди калий)-ро бо вояи зиёд барои пешгирию табобати чогари вогир, бо вояи кам – хангоми гипертериоз истифода мебаранд.
Ионхои Й. ба фаъолияти гадудхои ихроч таквият мебахшанд. Хусусан онхо кори гадудхои бронххоро тезонда, бо хамин гилзати балгамро кохиш медиханд. Пайвастхои гайриорганикии Й. (йодиди натрий ва йодиди калий) чун дорухои балгамрон кор фармуда мешаванд. Пайвастхои органикии Й. (мас., билигност, триомбраст, йодамид ва г.)-ро ба сифати васоити контрасти рентгени истифода мекунанд.
Хангоми дуру дароз истеъмол кардани дорухои Й. ва зиёд будани хассосият нисбати онхо мумкин аст холати йодизм ба вучуд ояд (зуком, рафтани оби дахон, шоридани ашк, дамидани рихинакхо, варами (свинке ва г.).
Т. Идрисов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vitaminhoi-b1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи муътадили моддахо (хусусан ангиштобхо ё карбогидратхо) зарур аст. …