Главная / Илм / АЛ-АДВИЯТУ-Л-МУФРАДА

АЛ-АДВИЯТУ-Л-МУФРАДА

asar«АЛ-АДВИЯТУ-Л-МУФРАДА», асари табиб ва гиёхшиноси маъруфи Андалус Абучаъфар Ахмад ибни Мухаммади Гофикии Магриби (ваф. 1165). Ба забони араби таълиф шудааст. Китоб дар боби худ беназир буда, боиси шухрати муаллифаш дар Шарку Гарб гаштааст. Гофики дар ин китоб хамаи он чиро, ки Дискуридусу Чолинус пеш аз у баён кардаанд, бо ибороти мучазу ба маъни тамомтар ёд карда, сипас хар навигариеро, ки олимони баъди дар бораи дорухои сода гуфтаанд, илова намудааст. Китоб бо сабки нигориш ва тартиби таълиф бесобика аст. Муаллиф китобро ба ду кисм таксим кардааст. Дар кисми якум дорухои сода, сифатхои илми ва хусусиятхои тиббиву давоии онхо, дар кисми дуввум истилохоти лугавие, ки дар китобхои тиббиву дорушиносии араби- ву исломи чой доштанд, дарч ёфтаанд. Хамаи моддахои доругиву лугави ба тар- тиби алифбо сабт ва хар як харф ба исми боби китоб ёд шудааст. Чунин тарзи нигориш аз ибтикороти Гофики буда, касе пеш аз у ин гуна танзимро ба кор набурдааст. Ин ба муаллиф имконият дод, ки дар ки- тоб маводи бештареро ворид созад. Мас., дар хафт боби аввали китоб, яъне аз харфи «алиф» то «зе» 1858 моддаи тибби чой дода шудааст. Гофики дар навиштани китоб аз сарчашмахои бисёр истифода бурда, такр. 60 наф. муаллифони даврахои гуногунро мавриди эътимод карор додааст, ки аз ин миён мукаддамтари онхо чахор нафаранд: Дискуридусу Чолинуси юнони ва Динаварию Розии форс. «А.» аз бози таълиф мавриди диккати алокамандон карор гирифта, ду маротиба аз он шакли мухтасарашро сохтаанд. Яке аз ин мухтасархо ба забони англиси тарчума шудааст. Худи китобро низ дар кадим бори аввал ба лотини ва си- пас ба суриёни тарчума кардаанд. Мутаассифона, аз ин китоб факат хамин шаклхои мухтасар ва тарчумахо боки монда, асли он мафкудуласар ва гумшуда махсуб мешуд. Вале дар ибтидои садаи гузашта бо кушиши шаркшиносону нусхашиносон се дастхати кисми аввали китоб ёфт шудааст (яке дар Монтрияли Канада, дуюми дар Кохира ва сеюми дар Работ). Нусхаи бехтарин (284 варак) нусхаи Монтриял буда, ду боби аввали китоб, яъне аз харфи «алиф» то «коф»-ро дар бар мегирад. Дар он 367 сурати дорухои наботи, хайвони ва маъдани кашида шудааст. Дастхати дар Работ буда, аз 200 варак иборат аст ва хафт боби аввали китоб, яъне аз «алиф» то «зе»-ро дар бар мегирад.
Ад.: Абдулхайи Хасани, «Ас-Сакофату-л- исломияту фи-л-Хинд», Димишк, 1983; Риёз Ра- м а з о н , «Ад-Даво мин фачри-т-таърих ила-л-явм», Кувейт, 1988. С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …