Главная / Илм / ЗАРПЕША

ЗАРПЕША

zarpeshaЗАРПЕША (Hypericum elongatum), гиёхест бисёрсола. Аз 30 то 90 см кад мекашад. Пояаш бисёр, сабзи кабудтоб, бурранг. Баргаш дарозруя, нештаршакл, гулаш сафедтоб ё зарди тиллоранг, гузааш байзашакл, дорчини. Май – июл гулу мева мекунад.
З. дар минтакаи чангалзори гармсер ва пахнбарг, маргзор, нишебихои к-куххои Курама, Туркистон, Хисору Дарвоз, мавзеъхои Сирдарё, Точикистони Чанубию Шарки (дар баландии 1400 – 2700 м аз с.б.) месабзад.
З.-ро дар давраи гулшукуфт мегундоранд. Асосан шоху навдахои нафиси он (бештар баргу шохчахои нуги растани) чамъовари мешавад. Растаниро дар хавои кушод ё зери шипангхо мехушконанд. Гохо онро даста баста, дар симтор меовезанд. То 3 сол нигох доштан мумкин аст.
Накеъи З.-ро хангоми газак ва захми меъда, исхол, дарунрави, касалихои чигар, гурда, масона, сили шуш, хуншории бачадон, камхуни, бавосир, тарбод менушанд. Чойи гули он барои рафъи зардпарвин ва чушоби баргу пояаш барои реши чигар муфид аст. Бо он дар мавриди хуншории ворахо дахонро обгардон мекунанд.
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …