Главная / Илм / АЛДЕГИДХО

АЛДЕГИДХО

aldegidiАЛДЕГИДХО, пайвастхои органики. Дар таркиби худ гурухи карбонили бо радикали органики ва атоми гидроген пайваст доранд. А. дар спирт ва эфир хуб хал мешаванд. А. аз чихати химияви хеле фаъоланд. А. зуд оксид шуда, ба кислотахо табдил меёбанд. Дар натичаи ба А. пайваст шудани гидроген, об, спирт, кислотаи сианид, бисулфати натрий ва г. мувофикан спирти якумин, гидрати А., атсетал, сиангидрин ва г. хосил мешаванд. Аксари ин пайвастхоро барои синтези моддахои мухим кор мефармоянд. Дар амалияи тиб бевосита худи А. (формалин, паралдегид ва г.), хамчунин хосилахои онхо – гексаметилентетрамин (уротропин) ва хлоралгидрад истифода мегарданд. А. моддахои захрноканд. Буги А. луобпардаи чашм ва рохи болои нафасро меангезад. А. таъсири нашъаовар низ доранд. Ю. Х. Хочибоев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …