Главная / Теги: Тиб (страница 81)

Теги: Тиб

ДАРДИ СИНАИ НАВЗОДҲО

navzod

ДАРДИ СИНАИ НАВЗОДҲО, варамидани ғадуди синаи навзодҳо дар рӯзҳои аввали баъди таваллуд. Дар натиҷаи ба организми кӯдак дохил шудани гормонҳои модар (тавассути ҳамроҳак ё шир) ба вуҷуд меояд. Д.-ро метавон ҳам дар писарон ва ҳам дар духтарон мушоҳида кард. Дар аснои Д. ғадуди синаи навзодҳо калону сахт шуда, баъзан дард …

Муфассал »

ДАРИДАНИ УЗВҲОИ ТАНОСУЛ

porez

ДАРИДАНИ УЗВҲОИ ТАНОСУЛ, як гурӯҳ осебҳое, ки бинобар сабабҳои гуногун рух намуда, фаъолияти аъзои ҷинсиро халалдор месозанд. Даридагии узвҳои таносули берунӣ дар мавзеи лабҳои хурд ва калони фарҷ, луобпардаи сӯрохи беруни пешобдон ва клитор ба мушоҳида мерасад. Онро зери беҳиссозии ҷузъӣ медӯзанд. Даридагии чатан аз 3 дараҷа иборат аст. Дар …

Муфассал »

ДАРМАНА

darmana

ДАРМАНА (Artemisia mogoltavica), шиҳ, шибоғ, сурхшибоғ, растаниест нимбутта. То 30 – 40 см қад мекашад; аз ҳар бехи он то 20 пояи бӯри сиёҳтоб нумӯ меёбад. Баргаш нештаршакл, гулаш майдаи найчамонанд, кабудчаи зард. Моҳи окт. гул карда, нояб. дон мебандад. Д. асосан дар Қазоқистон ва Тоҷикистони Шимолӣ вомехӯрад. Асосан дар …

Муфассал »

ДАРОЗУМРӣ

darozumri

ДАРОЗУМРӣ (Longaevitas), зуҳуроти иҷтимоию биологиест, ки одам нисбат ба давомоти миёнаи ҳаёт хеле зиёд умр мебинад. Ҳоло одами синаш аз 90, дар баъзе тадқиқоти геронтологӣ ва статистикӣ бошад, аз 100 сол гузаштаро дарозумр мегӯянд. Муҳаққиқони гуногун асосан мисолҳои мавҷудаи Д.-ро ба назар гирифта, ҳадди умри одамро тақр. 100 – 150 …

Муфассал »

ДАРСОНВАЛИЗАТСИЯ

darsonavalizatsiya

ДАРСОНВАЛИЗАТСИЯ, як тарзи муолиҷа бо барқ. Дар мавриди Д. ба тамоми организм ё ягон қисми он бо ҷараёни импулсии баладбасомад (110 – 400 кГтс), баландшиддат (20 – 40 кВ) ва қуввааш паст (то чанд миллиампер) таъсир мерасонанд. Аз номи физиологи франсавӣ д’Арсонвал гирифта шудааст. ӯ с. 1892 бо мақсади табобат …

Муфассал »

ДАРШАЙ

darshay

ДАРШАЙ, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Ишкошим. Дар соҳ. рости д. Даршай, 42 км шарқтар аз маркази ноҳия ҷой гирифтааст. Чашма дар пояи шахи овезон дар баландии 3000 м аз с. б. қарор дорад. Обаш бӯи гидрогенсулфид (46 мг/л) мекунад. Дебиташ 2,3 – 3,0 л/сон., минералнокиаш – 3,6 г/л; ҳарор. обаш …

Муфассал »

ДАСТ

dast

ДАСТ, қисми бадани одам, ки чун олоти меҳнат хизмат мекунад. Д. аз бозу, банди даст ва панҷа иборат аст. Устухони бозу тана, бандҳои болоӣ ва поёнӣ дорад, ки ба воситаи онҳо бо устухонҳои китф ва банди даст пайваст мешавад. Аз пеши устухони бозу ба дарозӣ мушакҳои дусара (битсепс) ва бозу, …

Муфассал »

ДАСТАРБОШ

tanacetum

ДАСТАРБОШ (Tanacetum pseudoachillea), зарпоша, гиёҳест бисёрсола. Бӯи хос дорад. Пояаш (як ё чандто) рост, сахти қиррадор, бешох; аз 30 то 140 см қад мекашад. Баргаш дарозрӯя, дандонадор. Гулаш зард, моҳҳои июн – авг. мешукуфад. Дар канори ҷангалзор, байни буттаҳо, соҳили рӯду дарёҳо, қад – қади ҷӯйборҳо, ҷойҳои соя, марғзор, нишебиҳои …

Муфассал »

ДАСТГОҲИ ҲАРОРАТ

termometr

ДАСТГОҲИ ҲАРОРАТ, дастгоҳе, ки ҳарорати ҳавои хонаро дар фасли хунуки сол ба дараҷаи мӯътадил нигоҳ медорад. Аҳамияти ин хеле зиёд аст, зеро гармӣ ё хунукии аз ҳад зиёди хона метавонад мувозанати ҳарорати организмро халалдор созад. Дар хонаи ҳавояш сард, одам гармиро бисёр талаф дода, хунук мехӯрад ва ин ҳолат ба …

Муфассал »

ДАСТГОҲҲОИ ОРТОПЕДӣ

dastgohhoi-ortopedi

ДАСТГОҲҲОИ ОРТОПЕДӣ, олоти шикастабандӣ, узвҳои маснӯъ, олоти махсус барои барқарор намудан ва сабук гардонидани вазифаи зоил (гумшуда) ё сустшудаи узвҳои ҳаракат. Ҳангоми иллатҳои гуногуни аъзои такяву ҳаракат ва оризаҳои онҳо истифода мешаванд. Д. о.-ро духтури шикастабанд ё осебшинос таъин мекунад. Аз худ кардани тариқи истифодаи дастгоҳ низ таҳти назорати ӯ …

Муфассал »