Главная / Теги: Тиб (страница 82)

Теги: Тиб

ДАСТПЕЧАК

dastpechak

ДАСТПЕЧАК (Convolvulus subhirsutus), пиллапечак, дастак, гиёҳест бисёрсола. Аз 40 то 100 см қад мекашад. Пояаш рост, сершоха. Баргаш пашмакдори бедандона, нештаршакл ё байзашакл. Гулаш гулобӣ, бунафш, баъзан сафед; тоҷгулаш қифшакл. Мевааш ғӯзаи лӯнда, байзашакл. Май – июн гул карда, июн – авг. мева мебандад. Д. дар талу теппаҳо, доманакӯҳҳо, нишебиҳои …

Муфассал »

ДАСТУРУ-Л-АТИББО

kitob

«ДАСТУРУ-Л-АТИББО», асари Муҳаммадқосими Астарободии мулақкаб ба Ҳиндушоҳ ва машҳур ба Фаришта (ваф. 1624). Ба забони тоҷикӣ таълиф шудааст. Китоб аз муқаддима ва се боб иборат аст. Як нусха аз дастнависи он дар ҳаҷми 134 варақ дар Захираи дастнависҳои шарқии АИ ҶТ зери рақами 1308 маҳфуз мебошад. Ад.: «Феҳристи нусхаи хаттии …

Муфассал »

ДАСТУРУ-Л-ИЛОҶ

asar

«ДАСТУРУ-Л-ИЛОҶ», асари тиббии Султоналии Табиби Хуросонӣ. С-ҳои 1526 – 27 таълиф ва с. 1899 дар ш. Лакҳнави Ҳиндустон чоп шудааст. Муаллиф баъди чиҳил сол илми тиб омӯхтан ва таҷриба андӯхтан, дар Самарқанд ба таълифи ин китоб пардохта, матни асосии онро дар замони ҳокимияти Султон Абӯмансури Кучкунчихон ба анҷом расондааст. Вале …

Муфассал »

ДАСТУРУ-Т-ТИБ

asar

«ДАСТУРУ-Т-ТИБ», асари Муҳаммад Закариёи Розӣ. Таърихи таълиф номаълум, аммо тахмин намудан мумкин аст, ки он с-ҳои 915 – 920 навишта шудааст. Китоб хулосаи назариёти тибби Розист, ки ба бемориҳои гуногун ва усулу воситаҳои муолиҷаи онҳо бахшида шудааст. Рисоларо то а. 19 Муҳаммад Ҳусайн ибни Карам Алии Исфаҳонӣ аз арабӣ ба …

Муфассал »

ДАФЪУ-Л-МАЗОРРИ-Л-КУЛЛИЯ АНИ-Л-АБДОНИ-Л-ИНСОНИЯ

asar

«ДАФЪУ-Л-МАЗОРРИ-Л-КУЛЛИЯ АНИ-Л-АБДОНИ-Л-ИНСОНИЯ», асари Абӯалӣ ибни Сино. Ба забони арабӣ таълиф шудааст. Дар бобати чигуна рафъ кардани зиёнҳои куллӣ аз ҷисми инсон маълумот медиҳад. Китоби мазкур бо номи «Тадоруку анвоъи-л-хатаъи-л-воқеъ фӣ-т-тадбир» (Пешгирӣ кардани анвои хатоҳое, ки ҳангоми тадбири беҳдоштӣ рӯй медиҳанд) низ машҳур мебошад. Абӯалии Сино онро солҳои дар Хоразм буданаш …

Муфассал »

ДАҲАНИ ФАРАНГ

dahani-farang

ДАҲАНИ ФАРАНГ, зоки сабз, сулфати миси обдор, купороси мис, H10CuO9S, як навъ моддаи химиявӣ. Моддаи кристаллии бе бӯй буда, дар об, этанол, метанол, глитсерин, кислотаҳои минералӣ ҳал мешавад. Дар спирт ҳал намегардад. Д. ф. ҳангоми кристаллбандии сулфати мис CuSO4 аз маҳлулҳои обӣ бо 5 молекулаи об ҳосил мешавад. Дар табиат …

Муфассал »

ДАҲОН

dahon

ДАҲОН (Stoma), ҷавфи даҳон(Cavitas oris), қисми ибтидоии системаи ҳозима. Дар Д. тағйироти механикӣ ва химиявии ғизо ба амал меояд. Сӯрохи Д.-ро лабҳои болову поин пӯшидаанд. Дар қисми ғафси онҳо мушакҳои доирашакл ҷойгир буда, ҳангоми кашиш хӯрдани ин мушакҳо сӯрохи даҳон боз мешавад. Канорҳои сурхи лабҳо аз дарун ба луобпардаи ҷавфи …

Муфассал »

ДЕ…

de

ДЕ … (лот. de), префикс, қисми таркибии калима пеш аз реша, ки ба маънои ҷудокунӣ, дуршавӣ, мансухкунӣ меояд, мас., дегазатсия, дегелминтизатсия.

Муфассал »

ДЕВГАНДУМ

devgandum

ДЕВГАНДУМ (Agrostemma githago), гиёҳест худрӯй. Пояаш рост (30 – 80 см)-и камшоха, баргаш борики дароз ва нештармонанд. Гулаш тоқа-тоқа, калон, гулобӣ. Баргу пояаш серпашмак. Ғӯзааш то 40 дона тухм (дарозиаш 2,5 – 3,5 мм) дорад; тухмаш гурдашакл; тухми расидааш 98 – 100% месабзад. Д. дар водиҳои паст ва доманакӯҳҳо мерӯяд. …

Муфассал »

ДЕВОНАЕВ Олимҷон Темурович

devonaey-olimchon

ДЕВОНАЕВ Олимҷон Темурович (тав. 18. 07. 1961, деҳаи Зиракии ноҳ. Кӯлоби вил. Хатлон), анатом, доктори илмҳои тиб (2007), проф. (2011), Аълочии маорифи ҶТ (2009). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1984). Ассистент (1984 – 87), аспирант (1987 – 90), ассистент (1990 – 94), дотсент ва мудири кафедраи анатомияи одами ДДТТ ба номи …

Муфассал »