Главная / Илм / ДАРИДАНИ УЗВҲОИ ТАНОСУЛ

ДАРИДАНИ УЗВҲОИ ТАНОСУЛ

porezДАРИДАНИ УЗВҲОИ ТАНОСУЛ, як гурӯҳ осебҳое, ки бинобар сабабҳои гуногун рух намуда, фаъолияти аъзои ҷинсиро халалдор месозанд.
Даридагии узвҳои таносули берунӣ дар мавзеи лабҳои хурд ва калони фарҷ, луобпардаи сӯрохи беруни пешобдон ва клитор ба мушоҳида мерасад. Онро зери беҳиссозии ҷузъӣ медӯзанд.
Даридагии чатан аз 3 дараҷа иборат аст. Дар мавриди даридагии дараҷаи I кафшераки қафо (қитъаи хурди пӯсти чатан ва девораи маҳбал) халал меёбад. Ҳангоми даридагии дараҷаи II пӯсти чатан, девораи маҳбал ва мушакҳои чатан осеб мебинанд. Дар аснои даридагии дараҷаи III сфинктери рӯдаи рост ва баъзан девораи он низ захмнок мешавад.
Ҷои даридаро зери беҳиссозӣ аз рӯи тартиби муайян мутобиқ ба хусусиятҳои анатомии қаъри кос ва бофтаҳои чатан медӯзанд. Даридагии дараҷаи III-ро бояд духтури ботаҷриба кӯк занад.
Даридагии гарданаи бачадон бо нишонаҳои хуншорӣ аз аъзои таносул падид меояд. Баъди таваллуди кӯдак ва афтодани ҳамроҳак ба вуқӯъ мепайвандад. Онро ҳангоми бо оина муоина кардани гарданаи бачадон ташхис менамоянд. Канорҳои ҷои даридаро ба ҳам ҷафс карда, кӯк задан лозим аст, вагарна карахш пайдо шуда, гарданаи бачадон захм меёбад.
Даридагии танаи бачадон метавонад худ аз худ ё маҷбуран ба вуқӯъ пайвандад. Даридагии маҷбурӣ ҳангоми нодуруст кӯмак расондан дар мавриди таваллуд, осеб ва ғ. рух менамояд. Даридагии танаи бачадон пурра ва нопурра мешавад. Ҳангоми даридагии пурра ҳамаи қабатҳои бачадон зарар мебинанд. Агар фақат луобпарда ва пардаи мушак бидуни сифоқ зиён дида бошад, пас сухан аз боби даридагии нопурра меравад. Сабаби даридагӣ тағйироти патологӣ дар девораи бачадон (хадшаи баъди ҷарроҳӣ, зоимон, исқот, инфантилизм) ва номувофиқатии сари кӯдак бо коси модар (коси танг, калон будани тифл, кӯндаланг ҷой гирифтани кӯдак ва ғ.) мебошанд.
Одатан, пеш аз даридани бачадон ҳолати хавф ба амал меояд. Дар мавриди он бинобар мувофиқат накардани андозаи кӯдак ва коси модар фишори шадид пайдо шуда, сегманти поёнии бачадон таранг мегардад; бачадон аз будаш дароз шуда, ҳалқаи кашишхӯрӣ баланд ва каҷ (дар баробари ноф) меистад, бандакҳои мудаввари бачадон таранг ва дарднок мебошанд. Кӯдак дар сегменти поёнии тарангшудаи бачадон ҷой мегирад. Зан беқарор аст, дод мезанад, кӯшиши зӯр задан мекунад. Ташхиси хавфи даридани бачадон ҳангоми осеб доштани девораи он душвор аст, зеро аломатҳои ноҷурӣ возеҳ ба мушоҳида намерасанд.
Агар дар аснои хавфи даридани бачадон ёрии таъҷилӣ расонда нашавад, пас он медарад. Дарди сахти шикам («дарди захми ханҷар»), қатъ шудани дарди таваллуд, ба вуҷуд омадани аломатҳои шок (паридани ранги рӯ, паст шудани фишори шараён, набзи ришташакл) нишонаҳои он мебошанд.
Дар мавриди ба миён омадани хатари даридани бачадон занро зуд ҷарроҳӣ мекунанд (ниг. Чоки қайсар). Бо мақсади пешгирии Д. занҳои ҳомиларо ҳангоми иллат доштани кос, калон ва нодуруст ҷойгир будани кӯдак камаш 2 ҳафта пештар дар таваллудхона мехобонанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …