Главная / Илм / ДАСТГОҲҲОИ ОРТОПЕДӣ

ДАСТГОҲҲОИ ОРТОПЕДӣ

dastgohhoi-ortopediДАСТГОҲҲОИ ОРТОПЕДӣ, олоти шикастабандӣ, узвҳои маснӯъ, олоти махсус барои барқарор намудан ва сабук гардонидани вазифаи зоил (гумшуда) ё сустшудаи узвҳои ҳаракат. Ҳангоми иллатҳои гуногуни аъзои такяву ҳаракат ва оризаҳои онҳо истифода мешаванд. Д. о.-ро духтури шикастабанд ё осебшинос таъин мекунад. Аз худ кардани тариқи истифодаи дастгоҳ низ таҳти назорати ӯ анҷом меёбад.
Д. о. гуногун буда, дар мавридҳои зарурӣ истифода мешаванд. Чунончи, ҷиҳози устувори ба ин ё он узв мувофиқ, ки дасту по ё баданро зич иҳота мекунад, яъне ба ном туторҳо, як қисми бори устухону буғумро ба худ мегиранд. Аксари корсетҳо (камзӯлчаҳои махсус)-е, ки барои муолиҷаи бемориҳои сутунмӯҳра таъин шудаанд, ба ҳамин навъи Д. о. тааллуқ доранд. Протезҳое, ки қисми набудаи поро иваз мекунанд, дар вақти роҳ рафтан, вазифаи такяро ба ҷо меоранд, протезҳои даст бошанд, шакл ва баъзан вазифаи узвро адо менамоянд. Дастгоҳҳои сабуксоз як қисми вазни баданро «мебардоранд». Яке аз онҳо дастгоҳи ба ғуррии сурин такякунанда мебошад, ки бори пойро сабук мегардонад. Барои пешгирӣ ё худ ислоҳи навоқиси шакли пой ё сутунмӯҳра дастгоҳҳои ислоҳкунанда (муслеҳ) таъин шудаанд. Ин гуна дастгоҳҳо барои ислоҳи тадриҷӣ ва доимии тағйири шакл кашакҳои ёзанда (резинӣ ё фанарӣ) доранд.
Қисми асосии Д. о. гилза (пӯка)-и чармин ё пластмассӣ мебошад, ки дасту по ё қисми онро иҳота мекунад. Дар як дастгоҳ гилзаҳоро бо ёрии тахтачаи филизии дорои ошиқмаъшуқ ё бе ошиқмаъшуқ дар ҳадди бандҳо ба якдигар пайваст кардан мумкин аст. Ҳангоми пайвасти ошиқмаъшуқ банд (мас., банди зону)-ро ҷунбонидан мумкин мегардад.
Д. о.-ро дар корхонаҳои махсуси протезию ортопедӣ месозанд ва таъмир мекунанд. Ҳангоми кор фармудани Д. о. (алалхусус бори аввал) пӯст абгор мешавад (ин иллатҳоро сари вақт бартараф намудан лозим аст). Баъзан чунин иллатҳо дар натиҷаи нодуруст ҷо ба ҷо кардани Д. о. ба миён меоянд. Дар ин гуна мавридҳо бо духтури ортопед ё устои протезсоз маслиҳат кардан даркор. Барои пешгирии осеби пӯст ба пой аз даруни дастгоҳ ҷӯроби мулоим мепӯшанд.
Бояд дар хотир дошт, ки истифодаи узви маснӯъ ба мушакҳо фишор оварда, онҳоро андак наҳиф месозад. Бинобар ин, ҳар рӯз пеш аз пӯшидан ва баъд аз кашидани дастгоҳ узвро масҳ кардан ва мувофиқи фармоиши духтур бо варзиши шифоии махсус (мушакҳоро қавӣ мегардонад) машғул шудан лозим. Масҳ ва варзиш хусусан ба бачагон зарур аст. Ин тадбирҳоро бояд волидон анҷом диҳанд. Дар вақти абгор будани пӯст масҳ мумкин нест. Нигоҳубини Д. о. аз равған кардани ошиқмаъшуқ, эҳтиёт намудани қисмҳои чармӣ (аз намкашӣ) ва саривақт иваз кардани узвҳои кӯҳнашудаи дастгоҳ иборат аст.
Ад.: Шенк Н.А., Лечебное протезирование в ортопедии, М., 1975; Корис А.А., Бердников В.А., Ампутация конечностей и экспресс – протезирование, Киев, 1977; Кондрашин Н.И., Санин В.Г., Ампутация конечностей и первичные протезирование, М., 1984.

Д. Урунбоев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …