Главная / Илм / ДАРШАЙ

ДАРШАЙ

darshayДАРШАЙ, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Ишкошим. Дар соҳ. рости д. Даршай, 42 км шарқтар аз маркази ноҳия ҷой гирифтааст. Чашма дар пояи шахи овезон дар баландии 3000 м аз с. б. қарор дорад. Обаш бӯи гидрогенсулфид (46 мг/л) мекунад. Дебиташ 2,3 – 3,0 л/сон., минералнокиаш – 3,6 г/л; ҳарор. обаш +31,50С. Таркиби оби чашма аз натрий (496 мг/л), калтсий (383 мг/л), магний (38,6 мг/л), гидрокарбонатҳо (443 мг/л), сулфатҳо (250 мг/л), ангидриди озоди карбон (360 мг/л), кислотаи силикат (75,0 мг/л), ҳамчунин мис, фтор, бор, руҳ ва молибден иборат аст. Барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои хунгард, ҳозима, ҳаракат, системаи асаб, пӯст, узвҳои ҷинсӣ ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо суд дорад. Вобаста ба таркиби химиявӣ ба оби чашмаҳои минералии Бюксек (Венгрия) ва Сойминск (Закарпатия) наздик мебошад.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …