Главная / Илм / ДАРОЗУМРӣ

ДАРОЗУМРӣ

darozumriДАРОЗУМРӣ (Longaevitas), зуҳуроти иҷтимоию биологиест, ки одам нисбат ба давомоти миёнаи ҳаёт хеле зиёд умр мебинад. Ҳоло одами синаш аз 90, дар баъзе тадқиқоти геронтологӣ ва статистикӣ бошад, аз 100 сол гузаштаро дарозумр мегӯянд. Муҳаққиқони гуногун асосан мисолҳои мавҷудаи Д.-ро ба назар гирифта, ҳадди умри одамро тақр. 100 – 150 сол мешуморанд. Вале бояд илова кард, ки синни аниқи дарозумронро муайян кардан мушкил аст, зеро онҳо солашонро баъзан зиёд нишон дода, ба хато роҳ медиҳанд.
Дараҷаи дарозумрӣ мисли давомоти миёнаи ҳаёти инсон дар кишварҳои мухталиф гуногун аст. Дар мамолике, ки дар натиҷаи мушкилоти ҷанг бисёр аҳолиро талаф дода, зарари калони иқтисодӣ дидаанду саломатии сокинон бад шудааст (Полша, Югославия, Булғория, Венгрия, Германия, Япония ва ғ.) нишондодҳои Д., одатан, паст мебошад. Ҳамчунин дар чанде аз кишварҳои рӯ ба тараққии Осиё ва Африка дараҷаи Д. баланд нест.
Дарозумрӣ дар заминаи механизмҳои мутобиқат, ки ҷараёни физиологии пир гаштанро таъмин мекунад, асос ёфтааст. Дар дарозумрон тағйироти фаъолияти физиологӣ баробари синну сол муназзам ба вуҷуд меояд, ҳолати чанде аз узвҳои организм (таркиби морфологӣ ва биохимиявии хун, баъзе аз нишондоди дилу рагҳо, ғадудҳои эндокринӣ, асабияи марказӣ) аз рӯи бисёр нишона (параметр)-ҳо бо организми шахсони синнашон ҷавонтар мушобеҳ мебошанд. Ҳамин тавр, пирӣ дар ин гуна одамон суст ҷараён меёбад.
Дарозумрон рӯҳан қавӣ ва ботамкин мешаванд. Барои онҳо солим нигоҳ доштани нерӯи фикрӣ ва ҷисмонӣ, фаъолият ва қобилияти корӣ хос аст; онҳо ҳамеша серҳаракат буда, ҳофизаи хуб доранд, ба рӯйдоди атроф мароқ зоҳир мекунанд. Қобилияти ҳаракати қаноатбахши онҳо боқӣ монда, одамдӯсту хайрхоҳанд, ба ҳар навъ стресс устувор мебошанд. Ашхоси дарозумр ба бемориҳо, аз ҷумла ба амрози сироятӣ, камтар гирифтор мешаванд. Онҳо инчунин серфарзанд буда, давраи фарзанд ёфтанашон тӯлонист. Тақр. 44% мардҳо ва 31% занҳои дароузмр солиманд.
Бисёр геронтологҳо бар онанд, ки умри дароз дида, қобилияти ҳаётии хешро нигоҳ дошта тавонистани одамон хусусияти ирсӣ дорад. Инро, чандон дақиқ набошад ҳам, таносуби байни бардавомии умри волидон ва авлоди онҳо исбот мекунад. Барои давомоти умр омилҳои иҷтимоӣ ва тарзи ҳаёти аҳолӣ низ аҳамияти калон доранд.
Аз рӯи тадқиқот маълум гардид, ки ба одамони умри тӯлонӣ дида нафақат нишонаҳои махсуси солимӣ, балки тарзи ҳаёти хусусӣ низ хос аст. Ба онҳо ҳаёти якранг, мубодилаи дурусти меҳнат ва истироҳат, тарки одатҳои зарарнок (тамокукашӣ, мастӣ ва ғ.), истеъмоли бомеъёри ғизо, ҳаёти оилавии осудаю дорудароз хос мебошад. Аксари онҳо тамоми ҳаёти худро дар деҳот оромона, дар муҳити одатӣ гузарондаанд. Тақр. аз 2/3 ҳиссаи дарозумрон деҳқон буда, нисфи онҳо бо ташаббуси худ дар пирсолӣ ҳам меҳнат мекарданд, чунки аз рӯи одат меҳнат қисми таркибии ҳаёти онҳо гашта буд.
Тадқиқи масоили Д. аз омӯзиши омилҳои муҳити зист, гузарондани тадқиқоти биологию генетикӣ ва таҳлили тарзи ҳаёти аҳолӣ иборат аст. Сабаби тӯлонӣ гардондани давраи қобилияти корӣ ва таъмини пирии фаъол, дар ҷавонӣ пеши роҳи бисёр бемориҳоро гирифтан ва дуруст табобат кардан аст. Дар як давраи нисбатан кӯтоҳ ба вуҷуд омадани тағйироти ҷиддӣ оид ба Д. шаҳодат медиҳад, ки бо роҳи беҳтар кардани шароити ҳаёт ва андешидани тадбирҳои зарури давлатӣ ба зуҳуроти мазкур метавон таъсир расонд. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи некӯаҳволии меҳнаткашон ғамхорӣ зоҳир намуда, барои баланд бардоштани беҳбудии моддӣ, савияи маданӣ, шароити маишӣ, такмили умури тиббӣ ва иҷтимоӣ ба аҳолӣ тадбирҳои судманд меандешад. Ин ба пурра қонеъ гардондани талаботи ҷисмонию маънавии одамони миёнсолу солхӯрда ва пешгирии пирии бармаҳал мусоидат мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …