Главная / Илм / ДАСТГОҲИ ҲАРОРАТ

ДАСТГОҲИ ҲАРОРАТ

termometrДАСТГОҲИ ҲАРОРАТ, дастгоҳе, ки ҳарорати ҳавои хонаро дар фасли хунуки сол ба дараҷаи мӯътадил нигоҳ медорад. Аҳамияти ин хеле зиёд аст, зеро гармӣ ё хунукии аз ҳад зиёди хона метавонад мувозанати ҳарорати организмро халалдор созад. Дар хонаи ҳавояш сард, одам гармиро бисёр талаф дода, хунук мехӯрад ва ин ҳолат ба пайдоиши амрози гуногун сабаб мешавад. Агар ҳавои хона бисёр гарм бошад, ихроҷи гармии организм мушкил шуда, дар натиҷа мубодилаи гармӣ халал меёбад, сар дард карда, қобилияти корӣ паст мегардад. Намӣ ва ҳарорати ҳаво ҳам ба кайфияти одам таъсир мерасонанд. Барои гарм кардани биноҳо аз Д. ҳ.-и марказӣ ё ҷузъӣ истифода мебаранд. Ба сифати ноқили гармӣ об, буғ ва ҳаво кор фармуда мешавад.
Аз Д. ҳ.- и ҷузъӣ бухорӣ (печка) маъмул аст, ки барои он сӯзишвории сахт (ҳезум, ангишт, торф) истифода мешавад. Чунин усули гарм кардани хона дар деҳот маъмул аст. Дар системаҳои Д. ҳ.-и марказӣ аз ҷиҳати беҳдошт гармидиҳӣ тавассути оби фишораш паст афзал дониста мешавад.
Талаботи асосии гигиенӣ ба Д. ҳ., сарфи назар аз системаи он, дар бино ба вуҷуд овардани микроиқлими мусоид (мас., ҳарор. 18 – 22°C., намнокии нисбии ҳаво 30 – 60%, суръати ҳаракати ҳаво 0,1 – 0,3 м/ сон.) ва доимияти бетағйири ҳарорати дохилӣ мебошад. Дар давоми шаборӯз тағйири ҳарорат дар хонае, ки тавассути бухорӣ гарм мешавад, то 6°C ва агар аз Д. ҳ. марказӣ гарм шавад, то 3°C қобили қабул аст. Фарқи ҳарорат аз тиреза то девори муқобил бояд 2°C ва дар ҳар метр аз 1°C зиёд набошад. Барои ба дохили бино ворид шудани маҳсули зарарноки сӯзиш ва аз сӯзишворию хокистар олуда шудани хона роҳ набояд дод. Ҳангоми насби Д. ҳ. тарзи рӯбучин ва тоза кардани онро пешбинӣ бояд намуд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …