Главная / Теги: Тиб (страница 80)

Теги: Тиб

ДАВРАИ ҲАЙЗ

hayz

ДАВРАИ ҲАЙЗ (Cyslus menstrualis), ҷараёни мураккаби биологист, ки ҳангоми он дар организми зан, хусусан тухмдону бачадон, тағйироти сиклӣ (даврӣ) рӯй дода, бо тарашшӯҳи хунолуд аз узвҳои таносул хотима меёбад. Тағйироти сиклии организми зан бо иштироки асбияи марказӣ (қишри мағзи сар, гипоталамус, гипофиз) ҷараён мегирад. Гипоталамус муҳимтарин қисми мағзи сар аст, …

Муфассал »

ДАКРИОАДЕНИТ

dakrioadenit

ДАКРИОАДЕНИТ (Dacryoadenitis; аз dakryon – ашк ва aden – ғадуд), илтиҳоби ғадуди ашк. Сабаби Д. бисёр вақт сироят кардани ангезандаи бемориҳои гуногун (ангина, грипп, махмалак, паротити вогир, сурхча, сил, сифилис ва ғ.) мебошад. Д., одатан, дар як тараф ба вуҷуд меояд. Д.-и дутарафа дар мавриди паротити вогир пайдо мешавад. Д.-и …

Муфассал »

ДАКРИОСИСТИТ

dakriosistit

ДАКРИОСИСТИТ (Dacriocystitis; аз юн. dacryon – ашк ва kystis – ҳубоб, халта), газаки ашкдон. Аз сабаби баста шудани ашкроҳаи байни бинию чашм, ки ковокии ашкдонро бо ковокии бинӣ мепайвандад, ба вуҷуд меояд; дар натиҷа фаъолияти маҷрои ашк халал ёфта, боиси васеъ шудану варам кардани ашкдон мегардад. Ашкроҳа ҳангоми бемориҳои луобпарда, …

Муфассал »

ДАКТИЛОЛОГИЯ

daktilologia

ДАКТИЛОЛОГИЯ (юн. daktilos – ангушт ва … логия), як шакли махсуси нутқ, ки ба воситаи ангуштони даст ифода карда мешавад. Ҳолатҳои гуногуни ангуштон ҳарфҳои алифборо ифода мекунанд. Дар алоқаи дактилологӣ ба орфография дуруст риоя менамоянд. Барои донистани фарқи овозҳои ҷарангдор ва беҷаранг (г-к; д-т; б-п ва ғ.), сактадор ва нарм …

Муфассал »

ДАЛТОНИЗМ

daltonizm

ДАЛТОНИЗМ, ихтилоли босираро гӯянд, ки кас дар ин муддат гуногунии рангҳоро фарқ карда наметавонад. Одами босирааш солим се ранги асосӣ – сурх, сабз ва кабудро мебинад. Ҳангоми Д. рангҳои сурху сабз хеле хира менамоянд ё умуман дида намешаванд. Одамоне, ки ранги кабудро фарқ карда наметавонанд, хеле кам мебошанд. Пурра фарқ …

Муфассал »

ДАМКӯТОҲӣ

ihtiloli-havo

ДАМКӯТОҲӣ (Dyspoë), ихтилоли басомад ё амиқии нафаскашӣ, ки боиси эҳсоси норасоии ҳаво мегардад. Сабаби Д. мумкин аст ихтилоли ягон аъзои фаъолияти нафаскашӣ бошад, ки дар он қишри майна, маркази нафас, асабҳои ҳароммағз, мушакҳо, сандуқи сина, диафрагма, шуш, силсилаи дилу рагҳо, ҳамчунин хун (газҳоро интиқол медиҳад) ширкат меварзанд. Агар танзими асабии …

Муфассал »

ДАНДОН

zub

ДАНДОН (Dens, odontos), узвест барои газидан ва хоидани ғизо. Д.-ҳо инчунин дар талаффузи баъзе овозҳо иштирок мекунанд. Ҳайвонот Д.-ро ғайр аз хоидан, барои муҳофизат, ҳамла ва сайд низ истифода мебаранд. Дар ҷараёни таҳаввул Д. ба туфайли тағйироти пулакчаҳое, ки тани ҳайвоноти обии мӯҳрадорро рӯйпӯш мекарданд, ба вуҷуд омадааст. Д.-и моҳиҳо …

Муфассал »

ДАНДОНДАРД

kak-snyat-bol-v-zube

ДАНДОНДАРД, эҳсоси ногуворе, ки бинобар осебу иллати дандон падид меояд. Дар бисёр мавридҳо сабаби Д. кариес, пулпит, периодонтит ва дигар бемориҳо мебошанд. Ҳангоми кариес дард кӯтоҳмуддат буда, бинобар истеъмоли ширавор, ғизоҳои шӯр, турш, хунук ва бисёр гарм пайдо мешавад. Барои бемории пулпит дарди хуруҷмонанд хос аст. Он шабона авҷ гирифта, …

Муфассал »

ДАРАХТИ ҚАҲВА

darakhti-kahva

ДАРАХТИ ҚАҲВА, растаниест ҳамешасабз. Баргҳояш ғафс, сабзи сиёҳтоб. Гулаш сафед, хушбӯй, монанди гули ёсуман. Мевааш сурх ё кабуди сиёҳтоб, 2-то дона дорад. Дар ҷаҳон тақр. 50 намуди Д. қ. мерӯяд. Барои сабзиши Д. қ. маҳалҳое, ки миқдори боришоти солонаашон ба 2200 – 3300 мм мерасад, мусоид аст. Онро аз тухм …

Муфассал »

ДАРД

dard

ДАРД (Dolor, algos), эҳсоси ногувор, баъзан тоқатфарсоест, ки аксаран ҳангоми таъсири ниҳоят шадид ё табоҳкор ба организм пайдо мешавад. Д. ифодаи фардии иллати организм ё ихтилоли баъзе вазифаҳои он мебошад. Д. дар ҷараёни таҳаввулоти олами органикӣ ба огоҳсозандаи хавфи беморӣ табдил ёфта, омили муҳими биологие гардид, ки мавҷудияти ҳаётро таъмин …

Муфассал »