Главная / Илм / ДАРДИ СИНАИ НАВЗОДҲО

ДАРДИ СИНАИ НАВЗОДҲО

navzodДАРДИ СИНАИ НАВЗОДҲО, варамидани ғадуди синаи навзодҳо дар рӯзҳои аввали баъди таваллуд. Дар натиҷаи ба организми кӯдак дохил шудани гормонҳои модар (тавассути ҳамроҳак ё шир) ба вуҷуд меояд. Д.-ро метавон ҳам дар писарон ва ҳам дар духтарон мушоҳида кард. Дар аснои Д. ғадуди синаи навзодҳо калону сахт шуда, баъзан дард мекунад; атрофи ғадуд каме сурх мешавад ва аксар вақт моеъи сафедчаи фалламонанд хориҷ мегардад.
Дар духтарчаҳо ҳамзамон тарашшӯҳи луобӣ ё хунӣ аз маҳбал ба мушоҳида мерасад (он баъди 1 – 2 рӯз бидуни муолиҷа дуруст мешавад). Беморӣ нигоҳубини ҷиддӣ мехоҳад; ба оби ҷӯшидаи ширгарм андаке перманганати калий илова карда, баданро шустан лозим. Дар писарбачаҳо дар баробари варам кардани ғадуди сина эҳтимол дорад, ки аъзои ҷинсӣ низ варам кунад. Варам, одатан, дар ҳафтаи 2 – 3-юм кам ва дар ҳафтаи 4-уми ҳаёти кӯдак пурра нест мешавад. Аз ғадудҳо фишурда баровардани усора тамоман манъ аст, чунки дар ин маврид ба онҳо микробҳо роҳ ёфта, боиси пайдоиши газак – мастит мегардад. Дар ин ҳолат ҳарорат баланд, ғадудҳои сина калонтар ва пӯст сурх мешавад; дард ба вуҷуд меояд.
Ҳангоми Д. бояд ҳатман ба духтур муроҷиат кард. То омадани духтур синаро гарм бастан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …