Главная / Илм / ДАРСОНВАЛИЗАТСИЯ

ДАРСОНВАЛИЗАТСИЯ

darsonavalizatsiyaДАРСОНВАЛИЗАТСИЯ, як тарзи муолиҷа бо барқ. Дар мавриди Д. ба тамоми организм ё ягон қисми он бо ҷараёни импулсии баладбасомад (110 – 400 кГтс), баландшиддат (20 – 40 кВ) ва қуввааш паст (то чанд миллиампер) таъсир мерасонанд. Аз номи физиологи франсавӣ д’Арсонвал гирифта шудааст. ӯ с. 1892 бо мақсади табобат истифода бурдани ҷараёни импулсиро пешниҳод намуд.
Д. умумӣ ва ҷузъӣ мешавад. Асоси муолиҷавии Д.-и умумӣ (индуктотерапия) селаи ҷараёнҳои суст мебошад. Зери таъсири Д.-и умумӣ мубодилаи моддаҳо ва фаъолияти силсилаи асаби нашвӣ (вегетативӣ) беҳтар шуда, ғалаёни хун ба низом медарояд. Бинобар баъзе сабабҳои техникӣ Д.-и умумиро кам кор мефармоянд (ҳангоми бемории гипертонияи дараҷаҳои I ва II, неврозҳо ва ғ.).
Дар аснои Д.-и ҷузъӣ аз разрядҳои оташакӣ ва ҷараёни импулсие, ки аз бофтаҳои организм мегузаранд, истифода менамоянд. Бинобар Д.-и ҷузъӣ дар он мавзее, ки бо ҷараёни импулсӣ таъсир мерасонанд, дарду хориш кам, мӯрагу артериолаҳо васеъ, тургори пӯст ва тонуси артерияву венаҳо мӯътадил, ғизогирии бофтаҳо беҳтар мешавад; захм зуд шифо меёбад. Д.-и ҷузъиро ҳангоми атеросклерози рагҳо (дараҷаи I), бемории Рейнд, васеъшавии варикозии венаҳои по ва бавосир, неврити асаби сомеа, невралгия, нейродермитҳо, пародонтит, гингивит, захмҳои дершифо, кафидагии мақъад, рехтани мӯй ва диг. бемориҳо кор мефармоянд. Дар пардозгарӣ (косметика) ва стоматология Д.-и ҷузъӣ бо мақсади сӯзондани луобпарда истифода мешавад.
Д. дар вақти ҳассосияти баланд ба ҷараёни барқ, омосҳои саратонӣ, табларза, хуруҷи стенокардия, бемории гипертонияи дараҷаи III зиён дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …