Главная / Илм / ДАРМАНА

ДАРМАНА

darmanaДАРМАНА (Artemisia mogoltavica), шиҳ, шибоғ, сурхшибоғ, растаниест нимбутта. То 30 – 40 см қад мекашад; аз ҳар бехи он то 20 пояи бӯри сиёҳтоб нумӯ меёбад. Баргаш нештаршакл, гулаш майдаи найчамонанд, кабудчаи зард. Моҳи окт. гул карда, нояб. дон мебандад. Д. асосан дар Қазоқистон ва Тоҷикистони Шимолӣ вомехӯрад. Асосан дар дашту доманаи кӯҳсор мерӯяд. Шимолтар аз к. Мевағул ва ҷанубтар аз Консой (вил. Суғд) майдони васеи дарманазор воқеъ аст.
Д. растании шифобахш аст. Хосияти киҷҷаронии он ҳанӯз ба табибону олимони атиқа ва асрҳои миёна Дисқуридус, Плиний, Ҷолинус, Закариёи Розӣ, Абӯалии Сино ва диг. маълум буд. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино шиҳ кирмро мекушад, равғани он барои таб муфид аст. Бо шираи алафи Д. варами чашмро тарбандӣ мекунанд; он инчунин ҷароҳатро бозмедорад. Хокистари бо равғани зайтун ё бодом омехтаи он давои хубест барои ҷараб (калӣ). Табибони халқӣ ҷӯшоби сабадаки гули Д. (чойи дармана)-ро барои илоҷи вараҷа, домана, ташаннуҷ ва чун воситаи рафъи кирм (аскарида, ҳалқакирмҳо, ришта, киҷҷа), равғани онро ҳангоми нафастангӣ, табларза, обхӯра тавсия медиҳанд. Аз хокистари Д. ва равған марҳами махсус таҳия карда, барои пешгирии рехтани мӯй ба сар мемоланд. Ҷӯшоби тухми Д. чун позаҳр тавсия шудааст. Бино ба ақидаи табибон агар Д.-ро биёшоманд, барои газидани ғунда ва каждум, инчунин бар зидди ҳамаи заҳрҳои тармизоҷ тарёк мешавад; душвории нафасро ислоҳ мегардонад, оруғро рафъ мекунад. Д.-ро пухта, бо он гармбандӣ кунанд ва батакрор онро бимоланд, барои дарди чашм, ки сабабаш зиёд гаштани балғам бошад, дору мешавад. Хокистари ин гиёҳро бо равғани зайтун хамир сохта, ба ҷойҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш гузошта банданд, ба зудӣ дар он ҷойҳо мӯйро мерӯёнад.
Аз Д. равған ҳам мегиранд. Бо ин мақсад дар зарфи шишагин то нисф равғани кунҷид андохта, даруни онро аз баргу пояи Д. пур мекунанд ва ба офтоб мегузоранд. Дар муддати 6 рӯз қувват ва ранги он ба равған мегузарад. Сипас Д.-ро фишурда мепартоянд ва зарфро аз дигар бо баргу поя пур мекунанд (ҳамин тавр то 6 маротиба Д.-ро иваз менамоянд). Баъд фишурда равғанро соф карда мегиранд. Агар онро бихӯранд, барои иллатҳои душвории нафас, илтиҳоб, варами меъда, истисқо, кирмсорӣ, газидани каждум ва ғунда, рӯёндани гӯшти солим даво мебошад.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственые растиния СССР, М., 1976; Полуденный Л.В. (ва диг.), Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …