Главная / Теги: Тиб (страница 17)

Теги: Тиб

МИОРЕЛАКСАНТҲО

miorelaksant

МИОРЕЛАКСАНТҲО (Myorelaxantia; аз мио… ва лот. relaxans, relaxantis – сустиовар, заифсозанда), доруҳое, ки тонуси мушакҳои скелетро то ҳадди комилан беҳаракат гаштани онҳо суст мекунанд. М. вобаста ба таъсир ду хел – марказӣ ва канорӣ мешаванд. Ба М.-и таъсирашон канорӣ моддаҳои кураремонанд мансубанд; онҳо бевосита ба холиноретсепторҳои мушакҳои скелет таъсир расонда, …

Муфассал »

МИОТОНИЯ

miotoniya

МИОТОНИЯ (Myotonia; аз мио… ва юн. tonos – шиддат), бемории ирсие, ки ҳангоми он ҳаракат ба таври гуногун халал меёбад. Дар оғози ҳаракати фаъол мушакҳо дучори ташаннуҷ (спазм) мегарданд. Суст гаштани онҳо бинобар таранҷиши сахт дар ибтидои ҳаракат душвор аст. Мушак чанд сония дар ҳолати ташаннуҷ истода, баъд оҳиста суст …

Муфассал »

МИРАЛИЕВ Салоҳиддин Раҷабович

nophoto

МИРАЛИЕВ Салоҳиддин Раҷабович (тав. 19. 09. 1970, ноҳ. Файзобод), духтури ҷарроҳ, доктори илми тиб (2009), дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (2004). Хатмкардаи фак-ти муолиҷаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1994). Духтур-интерни Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тиб дар кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби № 2 (1994 – 1995). Ҷарроҳи беморхонаи марказӣ, …

Муфассал »

МИРЗОЕВА Зӯҳро Амондуллоевна

nophoto-w

МИРЗОЕВА Зӯҳро Амондуллоевна (тав. 1947, деҳаи Рарзи ноҳ. Айнии вил. Суғд), акушер-гинеколог, доктори илми тиб (2002), проф. (2004). Хатмкардаи омӯзишгоҳи тиббӣ (1967) ва факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1973). Акушер-гинекологи Таваллудхонаи №1-и ш. Душанбе (1973 – 74), аспирант (1974 – 77), ходими калони илмии кафедраи акушерӣ ва …

Муфассал »

МИРМУҲАММАДЗАМОНИ ТАНКОБУНИИ ДАЙЛАМӣ

nophoto-m

МИРМУҲАММАДЗАМОНИ ТАНКОБУНИИ ДАЙЛАМӣ, Табиб Мӯъмин (с. тав. ва ваф. номаълум), олими тиб (а. 17); дар Исфаҳон, Шероз, Ҳамадон таҳсили илм ва эҷод намудааст. Мисли падару бобояш табиби дарбори сафавиён буд. М. муаллифи чандин асарҳои тиббӣ ва фармакологӣ мебошад. Дар соҳаи набототшиносӣ низ саҳми босазо дорад. Аз асарҳои М. китоби «Тӯҳфату-л-мӯъминин» …

Муфассал »

МИРОҚИЛОВА Муазама Мирсобитовна

nophoto-w

МИРОҚИЛОВА Муазама Мирсобитовна (тав. 09. 01. 1934, ш. Душанбе), духтури кӯдакон, доктори илми тиб (1986), проф. (1988), Аълочии тандурустии ИҶШС, Корманди шоистаи Тоҷикистон (2000). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1959). Ординатори клиникии кафедраи бемориҳои кӯдакона (1959 – 63), ассистент ва дотсенти кафедраи педиатрия (1963 – 74), …

Муфассал »

МИРОҶОВ Ғиёсуддин Қудбуддинович

nophoto-m

МИРОҶОВ Ғиёсуддин Қудбуддинович (тав. 12. 10. 1944, деҳаи Ярхаби Калони ноҳ. Рашт), духтури гастроэнтеролог, доктори илми тиб (1981), проф. (1992), узви пайвастаи АИ ҶТ (2001; узви пайваста – 1991), Ходими шоистаи илм ва техникаи ҶТ (1999), барандаи Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи Е. Н. Павловский (2003), Узви фахрии Ҷамъияти гастроэнтерологҳои …

Муфассал »

МИРСАБУРОВА Роҳат Тоҷиевна

nophoto-w

МИРСАБУРОВА Роҳат Тоҷиевна (тав. 09. 11. 1935, ш. Чорҷӯи Ҷумҳурии Туркманистон ), акушер-гинеколог, номзади илми тиб (1974), дотсент (1992), проф. (2011), Аълочии тандурустии ИҶШС, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1961). Ординатори клиникӣ (1961 – 63), аспирант (1963 – 66) ва ассистенти …

Муфассал »

МИС

cuprum

МИС (Cuprum), Cu, элементи химиявии гурӯҳи I ҷадвали Менделеев; рақами ат. 29, массаи ат. 63,546. М.-и табиӣ аз омехтаи ду изотопи собит – 63Cu ва 65Cu иборат аст. М. ба инсоният аз замонҳои қадим маълум мебошад. Он зоҳиран металли сурх ё сурхи гулобии нарм ва ёзанда аст. Зичиаш 8960 кг/м3 …

Муфассал »

МИСКАВАЙҲ, Абӯалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Яъқуб

nophoto

МИСКАВАЙҲ, Абӯалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Яъқуб (тақр. 932 – 17. 02. 1030), табиб, муаррих, риёзидони машҳур. Дар ваҷҳи тасмия ва тарзи дурусти талаффузи номаш ҳам таноқузи оро ба чашм мехӯрад. Дар сарчашмаҳои форсӣ, ба вижа осори муҳаққиқини навин «Мушкуя» меноманд ва гоҳе дар шакли «Мушкуяи Розӣ» ҳам ном бурда …

Муфассал »