МИРОҚИЛОВА Муазама Мирсобитовна (тав. 09. 01. 1934, ш. Душанбе), духтури кӯдакон, доктори илми тиб (1986), проф. (1988), Аълочии тандурустии ИҶШС, Корманди шоистаи Тоҷикистон (2000). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1959). Ординатори клиникии кафедраи бемориҳои кӯдакона (1959 – 63), ассистент ва дотсенти кафедраи педиатрия (1963 – 74), мудири кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 ДДТТ. Тадқиқоти илмиаш ба масъалаи омӯзиши камхунӣ ва ҳолати гемопоэз дар кӯдакони сокини пасткӯҳҳо, миёнакӯҳҳо ва баландкӯҳҳо, самарабахшии муолиҷаи иқлимии кӯдакони гирифтори зиқи нафас дар шароити миёнакӯҳ бахшида шудаанд. Натиҷаҳои тадқиқоти М. оид ба ташхис, тарзи табобат ва роҳҳои пешгирии камхунӣ дар дармонгоҳҳои кӯдакона ва шӯъбаҳои атфоли беморхонаҳои кӯдакони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор доранд. Муаллифи 130 кори илмист.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …