Главная / Илм / МИОТОНИЯ

МИОТОНИЯ

miotoniyaМИОТОНИЯ (Myotonia; аз мио… ва юн. tonos – шиддат), бемории ирсие, ки ҳангоми он ҳаракат ба таври гуногун халал меёбад. Дар оғози ҳаракати фаъол мушакҳо дучори ташаннуҷ (спазм) мегарданд. Суст гаштани онҳо бинобар таранҷиши сахт дар ибтидои ҳаракат душвор аст. Мушак чанд сония дар ҳолати ташаннуҷ истода, баъд оҳиста суст мешавад. Ҳаракатҳои минбаъда тадриҷан осонтар ва ташаннуҷ батамом рафъ мегардад. Вале баъди андаке истироҳат ташаннуҷи тонусии мушакҳо боз бо нерӯи пешина хуруҷ меёбад. Ташаннуҷ мушакҳои дасту пой, тан ва рӯйро фаро гирифта, ҳангоми ҳаяҷон ва хунук хӯрдан тезутунд мешавад. Нишонаҳои аввалини М. дар давраи кӯдакӣ ё ҷавонӣ падид омада, тамоми умр боқӣ мемонанд. Чунин беморон бисёр вақт паҳлавонсурат мебошанд. М. атрофиявӣ низ мешавад. Ҳангоми он дар баробари нишонаҳои миотониявӣ ихтилоли эндокринӣ ва дистрофиявӣ низ падид меоянд. Дар беморон атрофияи мушакҳои рӯй, гардан, бозу, панҷа, инчунин катарактаи бармаҳал, калӣ, рехтани дандонҳо, хушкидани пӯст, сусткамарӣ ба мушоҳида мерасанд.
М.-ро бо дору, парҳез, обзанҳо, масҳ, варзиши шифоӣ ва ғ. табобат мекунанд.
Ниг. низ Бемориҳои ирсӣ.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …