Главная / Теги: Тиб (страница 16)

Теги: Тиб

МИЛЗАНИИ ДУВОЗДАҲА

milzanii-duvozdah

МИЛЗАНИИ ДУВОЗДАҲА, бо мақсади ташхис ва табобат ба рӯдаи дувоздаҳангушта фиристодани мил (зонд). Бо мақсади ба даст овардани муҳтавои рӯдаи дувоздаҳангушта (омехтаи талха, шира ва усораи ғадуди зери меъда) ба амал оварда мешавад. Тадқиқи муҳтаво имкон медиҳад, ки дар бораи ҳолату фаъолияти рӯдаи дувоздаҳангушта, ғадуди зери меъда, ҷигар, талхадон, маҷрои …

Муфассал »

МИЛЗАНИИ МЕЪДА

milzanii-meda

МИЛЗАНИИ МЕЪДА, ба тавассути мил (зонд) гирифтани муҳтавои меъда. Бо мақсади ташхис ҳангоми гумонбарӣ аз бемориҳои меъда ё рӯдаи дувоздаҳангушта, инчунин дар аснои баъзе бемориҳои дигар, ки боиси халал ёфтани фаъолияти меъда мегарданд, истифода мешавад. Милзаниро барои табобат (мас., шустани меъда зимни заҳролудии шадид, ҷаббида гирифтани муҳтавои меъда ҳангоми атонияи …

Муфассал »

МИЛЗАНӣ

mil

МИЛЗАНӣ, бо мақсади ташхис ва муолиҷа ба ҷавфи узвҳои найчашакл, роҳи носур, римхона ва ғ. ворид сохтани мил (зонд). Барои муайян кардани чуқурӣ ва самти роҳи носур, ҷайбҳои римхона, ошкор намудани ҷисмҳои бегона ва санг милҳои пластмассӣ ё филизиро кор мефармоянд. Милҳои филизӣ ё пластмассии қутрашон гуногунро баъзан бо мақсади …

Муфассал »

МИЛКИ ДАНДОН

milki-dandon

МИЛКИ ДАНДОН (Gingiva), луобпардаи ҷавфи даҳон, ки решаи дандонҳои ҷоғи боло ва поёнро фаро гирифтааст. Дар коми сахт М. д. бидуни сарҳади аниқ ба луобпардаи ком мепайвандад. М. д. бо устухонпардаи шохаҳои алвеолаҳои ҷоғҳо пайваст буда, рагу асабҳои сершумор дорад. Милк дастгоҳи такяи дандонҳо аст ва онҳоро аз ҳар гуна …

Муфассал »

МИОЗИТ

miozit

МИОЗИТ (Myositis), илтиҳоби мушак, газак гирифтани мушакҳои скелет. М. метавонад чун боди бемориҳои гуногун, мас., грипп рӯй диҳад. Аксар вақт М. дар натиҷаи кори пуршиддату ғайрмуқаррарии мушакҳо ё зарбу лат хӯрдани онҳо сар мезанад. М. шадид, шадидмонанд ва музмин мешавад. М.-ҳои мавзеӣ ва густаришёфта низ ба мушоҳида мерасанд. Дар аснои …

Муфассал »

МИОКАРДИОДИСТРОФИЯ

miokardiodistrofiya

МИОКАРДИОДИСТРОФИЯ (Myocardiodystrophia; аз мио…, кардио… ва trophe – ғизо), ҳолати маризии дил. М. бо дистрофияи ҳуҷайраҳои кашишхӯрандаи мушаки дил (миоситҳо) ва сохторҳои системаи ноқилии он падид омада, фаъолияти асосии миокардро халалдор месозад (мас., автоматизм, кашишхӯрӣ, ноқилият, ангезиш ва ғ.). М.-ро аз тағйироти дегенеративии миокард, ки баъзан миокардиоз ҳам меноманд, фарқ …

Муфассал »

МИОКАРДИТ

miokardit

МИОКАРДИТ (Myocarditis; аз мио… ва кардио…), газак гирифтани мушаки дил – миокард. Бештар дар синни бачагӣ, ҳангоми тарбод, баъзан дар аснои бемориҳои сироятӣ (дифтерия, домана, ангина, махмалак, сепсис, грипп ва ғ.) сар мезанад. М.-и тарбодӣ аксаран якҷоя бо эндокардит зуҳур меёбад. М. хусусияти аллергӣ ҳам дошта метавонад, яъне он натиҷаи …

Муфассал »

МИОМА

mioma

МИОМА (Myoma; аз мио… ва …ома), омоси некфарҷомест, ки аз бофтаи мушак ба вуҷуд меояд. М.-е, ки аз бофтаи суфтаи мушак ташаккул ёфтааст, лейомиома ном дорад; М.-и аз мушакҳои кӯндаланграх (мушакҳои скелет) ба вуҷуд омадаро рабдомиома меноманд. Лейомиома бештар дар бачадон, рабдомиома дар мушакҳои дасту пой пайдо мешавад. М. одатан …

Муфассал »

МИОМАИ БАЧАДОН

miomai-bachadon

МИОМАИ БАЧАДОН, як навъ омоси некфарҷом, Дар мометрия – мушакпардаи бачадон ташаккул меёбад. М. б. дар натиҷаи ихтилоли фаъолияти силсилаи гипоталамус – гипофиз – тухмдон пайдо мешавад. М. б. дар фазои байни мушакҳо падид омада, минбаъд ҷониби ҷавфи шикам ё луобпардаи бачадон месабзад. М. б. маъмулан дар тана, аҳёнан дар …

Муфассал »

МИОПАТИЯ

miopatiya

МИОПАТИЯ (аз мио… ва юн. pathos – беморӣ), истилоҳест, ки осебҳои пайдоишашон гуногуни мушакҳои скелет ва халал ёфтани ғизогирии онҳо, костани массаи элементҳои фаъол (атрофияи мушакҳо), сустию беҳолии мушакҳоро ифода мекунад. Ба М. бемориҳои ирсии асабу мушакҳо ва синдромҳои асабу мушакҳо, ки ҳангоми баъзе касалиҳои силсилаи асабҳои марказӣ, узвҳои дохилӣ, …

Муфассал »