Главная / Илм / МИРСАБУРОВА Роҳат Тоҷиевна

МИРСАБУРОВА Роҳат Тоҷиевна

nophoto-wМИРСАБУРОВА Роҳат Тоҷиевна (тав. 09. 11. 1935, ш. Чорҷӯи Ҷумҳурии Туркманистон ), акушер-гинеколог, номзади илми тиб (1974), дотсент (1992), проф. (2011), Аълочии тандурустии ИҶШС, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1961). Ординатори клиникӣ (1961 – 63), аспирант (1963 – 66) ва ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологияи факултаи муолиҷавӣ (1966 – 84), ташкилотчӣ ва мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологияи факултаи такмили ихтисос (1984 – 92), дотсент (1992 – 2011) ва проф. (аз 2011) кафедраи акушерӣ ва гинекологияи №1-и ДДТТ. Оид ба масъалаи фавти модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқот мебарад. Муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ, 5 дастури таълимию методӣ, 3 пешниҳоди навоварона. Иштирокчии конфронсу съездҳои байналмилалӣ.
Бо медали «Ветерани меҳнат» ва Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷ. сарфароз гардонда шудааст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …