Главная / Илм / МИСКАВАЙҲ, Абӯалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Яъқуб

МИСКАВАЙҲ, Абӯалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Яъқуб

nophotoМИСКАВАЙҲ, Абӯалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Яъқуб (тақр. 932 – 17. 02. 1030), табиб, муаррих, риёзидони машҳур. Дар ваҷҳи тасмия ва тарзи дурусти талаффузи номаш ҳам таноқузи оро ба чашм мехӯрад. Дар сарчашмаҳои форсӣ, ба вижа осори муҳаққиқини навин «Мушкуя» меноманд ва гоҳе дар шакли «Мушкуяи Розӣ» ҳам ном бурда мешавад. Бархе бар он ақидаанд, ки «Мискавайҳ» бар он сабаб ном гирифтааст, ки мушкро бисёр дӯст медоштааст ва ин вожа дар арабӣ ба гунаи «Миск» мустаъмал аст. Пасванди «вайҳ» ба ҳамон шакли форсӣ-тоҷикии худ боқӣ мондааст. «Мушкуя», бино бар ривояти дигар, маъхуз аз номи шаҳраке бошад воқеъ дар наздикии Рай дар роҳи Сова. Аммо ин ақида мавриди тааммул аст. Ба ҳар сурат, худи М. дар осораш хешро бештар дар шакли «Абӯалии Мискавайҳ», «Абӯалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад Мискавайҳ» зикр кардааст. Аз ин бармеояд, ки «Аҳмад» номи ӯ буда, «Мискавайҳ» лақабаш аст.
Дар бораи зиндагии М. ҳам чандон маълумоти пурра дар даст нест, ба ҷуз он навиштаҳои пароканда ва маълумоти мухтасаре роҷеъ ба ин ё он саҳифаи фаъолияти илмӣ ва сиёсии ӯ, ки дар манобеи куҳан ба чашм бармехӯранд. Муаллифони ин сарчашмаҳо ӯро «ҳаким, файласуф, муаррих, риёзидон, муҳандис, забоншинос, адиб, шоир, нависанда, шахси бисёр огоҳ аз номаҳои қадим ва забонҳои бостон, мутакаллим, мунаққида» ва ғ. муаррифӣ кардаанд. Илова бар ин, ӯро унвонҳои «Хозин» (мудири китобхона, хазинадори китобхона) ва «Надим» додаанд ва унвони дуюмӣ аз он аст, ки ҳамнишини чанд тан аз подшоҳони Оли Бӯя буд.
М. дар ибтидо аз пайвастагони вазири Муиззуддавла – Абӯмуҳаммади Муҳаллабӣ будааст ва дар назди ӯ вазифаи хозинии кутуби ӯро адо мекард. Пас аз он М. дар хидмати Ибни Амид (ваф. с. 971) ва писараш – Абулфатҳи Зулкифоятайн ҳам будааст. Ибни Амид, ки нафақат чун сиёсатмадор, балки ҳамчун шахси фозил, чирадаст дар адаб ва балоғату фасоҳати забони арабӣ шӯҳрат дорад, китобхонаи машҳуре бино карда буд бо теъдоди зиёди кутуб. М. вазифаи китобдори ин китобхонаро ба ӯҳда дошт ва ба қавли ӯ теъдоди кутуби он беш аз 100 уштури боркаш буд. Пас аз марги фоҷиабори Абулфатҳ ӯ ба хидмати Азудуддавла махсус гашт ва дар дарбори ӯ ба ҳайси надим ва хозини ӯ ифои вазифа кард.
М. умри дароз дид, ки он тақрибан баробар ба як аср аст. Дар тӯли ин умри бобаракати хеш осори зиёдеро таълиф кардааст, ки теъдоди онро беш аз 30 китоб донистаанд. Китобҳои «Мухтасару-н-набзи» ва «Китоб фӣ-л-адвияти-л-муфрадати» дар боби тиб мебошанд.
Ад.: Донишномаи сомониён, ҷ. 1, Хуҷанд, 2008.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

lazzati-gizo

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ҒИЗО

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ҒИЗО, тавобил, моддаҳое,ки барои беҳтар кардани мазаи хӯрок истифода мешаванд. Ба М. забуда, …