Главная / Илм / МИРАЛИЕВ Салоҳиддин Раҷабович

МИРАЛИЕВ Салоҳиддин Раҷабович

nophotoМИРАЛИЕВ Салоҳиддин Раҷабович (тав. 19. 09. 1970, ноҳ. Файзобод), духтури ҷарроҳ, доктори илми тиб (2009), дорандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (2004). Хатмкардаи фак-ти муолиҷаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1994). Духтур-интерни Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тиб дар кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби № 2 (1994 – 1995). Ҷарроҳи беморхонаи марказӣ, дармонгоҳ ва амбулаторияи ноҳ. Файзобод (1995 – 1997). Аз с. 1997 то 2009 дар вазифаҳои мутахассиси пешбари Сарраёсати ташкили ёрии тиббӣ ба аҳолӣ, сармутахассис ва муовини сардори Раёсати ташкили умури тиббӣ, сардори Шӯъбаи кумаки госпиталӣ ва махсусгаронда, сардори Раёсати банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ ва ислоҳот, сардори Раёсати ислоҳот ва равобити байналмилалии Вазорати тандурустии ҶТ кор кардааст. Чанд муддат котиби мушовара ва мушовири Вазири тандурустии ҶТ буд. Феълан сардори Шӯъбаи таҳлили сиёсати тандурустии назди Вазорати тандурустии ҶТ мебошад (аз 2009). Ҳамзамон аз с. 1997 дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба донишҷӯён аз фанни ҷарроҳӣ дарс мегӯяд. Аз дек. 2010 вазифаи мудирии кафедраи нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибро низ ба ӯҳда дорад. Муаллифи 110 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 2 китоб ва 5 дастури таълимӣ. Дар робита ба масъалаҳои такмили усули табобати ҷарроҳии захми сӯрохшудаи меъдаю рӯдаи дувоздаҳангушта пажӯҳишҳои назаррас анҷом додааст.
Ос.: Хирургическое лечение прободных язв желудка и двенадцатиперстной кишки, Д., 2003; Сборник нормативно-правовых и отчётно-учётных документов по семейной медицине, Д., 2006; Руководство по управлению человеческими ресурсами системы здравоохранения Республики Таджикистан, Д., 2008; Нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ, омори тиббӣ ва таҳлили демографӣ, Д., 2011; Эффективность реформы здравоохранения в Таджикистане в контексте сокращении бедности. «Здравоохранение Таджикистана», № 4, Д., 2005; Финансирование и формы оплаты труда специалистов общей врачебной (семейной практики). «Вестник Авиценны», № 1, Д., 2007; Платные медицинские услуги и мнение потребителей. «Здравоохранение Таджикистана», № 3, Д., 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …