Главная / Илм / БЕНЗИН

БЕНЗИН

benzinБЕНЗИН (франс. benzine), омехтани карбогидридҳои гуногунсохтор; моеи беранги зудафрӯз; t ҷӯш. 30 – 205°С, t яхбандиаш аз – 60°С паст, зичиаш 700 – 780 кг/м3. Б.-ро дар натиҷаи крекинг, тақтири нефт, коркарди варақсанг ва ангиштсанг, инчунин бо роҳи синтез (аз оксиди карбон ва гидроген Б.-е мегиранд, ки синтин ном дорад) ҳосил мекунанд. Вобаста ба сифат ва истифода Б.-и автомобилӣ, авиатсиявӣ, газӣ ва ғ. истеҳсол карда мешавад.
Б. барои организм заҳрнок аст. Бо мақсади пешгирии заҳролудӣ ба қоидаҳои нигаҳдорӣ ва кашондани Б. риоя кардан лозим аст. Қабл аз тоза кардани систерна ва бочкаҳои Б. онҳоро бо ҷараёни шамол мехушконанд. Бо Б. сару кор доштани одамони фаъолияти асаб ва ғадудҳои усораи дохилиашон хароб, инчунин ашхоси гирифтори бемориҳои шуш ва дил манъ аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …