Главная / Илм / БЕРДИЕВ Намоз

БЕРДИЕВ Намоз

imagesБЕРДИЕВ Намоз (тав. 23. 01. 1939, деҳаи Митани ноҳ. Иштихони вил. Самарқанди Ҷумҳурии ӯзбекистон), доктори илмҳои биология (1981), проф. (1990), Аълочии тандурустии ИҶШС (1987), Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶТ (1994). Хатмкардаи факултаи ветеринарияи Донишкадаи кишоварзии Самарқанд (1962). Сарбайтори совхози «Кангурт»-и ноҳ. Совет (ҳоло Темурмалик)-и вил. Хатлон (1962 – 64), аспирант (1964 – 66), ходими хурд ва калони илмии Пажӯҳишгоҳи ветеринарии Вазорати кишоварзии ҶТ (1966 – 69). Мудири Лабораторияи марказии тадқиқоти илмӣ (1969 – 79), мудири кафедраи биология бо асосҳои генетика (1979 – 2008), ҳамзамон ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналхалқии ДДТТ (1996 – 2008). Аз авг. с. 2009 – проф. кафедраи биология бо асосҳои генетикаи ҳамин донишгоҳ. Муаллифи 203 мақола, 70 тезис, 8 ихтироот, 26 пешниҳоди навоварона, 2 китоби дарсӣ, 12 дастури таълимӣ, 4 монография ва 5 тавсияи методӣ. Таҳти роҳбарии ӯ 2 наф. рисолаи докторӣ ва 12 наф. рисолаҳои номзади илмро дифоъ намудаанд. Бо Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии ҶШС Тоҷ. ва ҶШС ӯзб. қадр карда шудааст.
Ос.: Биология (китоби дарсӣ), Д., 2006 (нашри дуюм, Д., 2008); Горы, реактивность и резистентность, Д., 2002; Бронхиальная астма, Д., 1993; Лечение больных бронхиальной астмой на курорте в Ходже Оби-Гарме, Д., 1993.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …