БЕНЗОЛ, C6H6, пайвасти органикӣ, соддатарин карбогидрати ароматӣ. Моеъи беранги зудбухор буда, бӯи хос дорад; t гуд. 5,5°С; t ҷӯш 80,1°С; зичиаш 879,1 кг/м3 (дар 20°С). Бо ҳаво омехтаҳои тарканда ҳосил мекунад.
Б. заҳрнок аст; консентратсияи он дар ҳавои корхонаҳо бояд аз 20 мг/м3 зиёд набошад. Ҳангоми заҳролудӣ аз Б. дарди сар, дилбеҳузурӣ, қай, тез задани набз, ташаннуҷи мушакҳо, мадҳушӣ ба мушоҳида мерасад. Бо мақсади пешгирии заҳролудӣ ҳавои коргоҳро мунтазам тоза нигоҳ доштан лозим. Зарфҳое, ки дар он Б.-ро гирифтаанд, бояд ҳавоногузар бошанд. Барои кор бо Б. занҳои ҳомила, модарони ширхорадор ва наврасони то 18-сола роҳ дода намешаванд. Хуни онҳое, ки бо Б. кор мекунанд, соле як маротиба санҷида мешавад. Дар мавриди бо ҳосилаҳои Б., толуол ва ғ. сару кор доштан, одамон бояд баъди ҳар 24 моҳ як маротиба аз муоинаи тиббӣ гузаранд. Ҳангоми гирифторӣ ба бемориҳои асаб, хун, ҷигар, гурда ва дилу рагҳо тамос бо Б. манъ аст.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …