Главная / Илм / БЕОБИИ ОРГАНИЗМ

БЕОБИИ ОРГАНИЗМ

dehidratationБЕОБИИ ОРГАНИЗМ, дегидрататсия, оби бисёр талаф додани организм. Дар натиҷаи Б. о. мувозанати обу намак халал меёбад. Аҳамияти об барои организм хеле калон аст. Хун, лимфа, моеъи дохили ҳуҷайраҳо, ашк, оби даҳон, арақ, шираи меъда, шираи ғадуди зери меъда, талха, пешоб, мӯҳтавои рӯдаҳо, тарашшӯҳот аз узвҳои таносул ва роҳи нафас – ин ҳама обест, ки дар он моддаҳои гуногун ҳал шудаанд.
Бе об ҳаёт нест. Организми навзодон 90% аз об иборат мебошад. Дар таркиби организми калонсолон 70 – 80% об мавҷуд аст. Тақр. 92%-и хун об дорад, бинобар ин норасоии он боиси ғафс шудани хун мегардад (миқдори гемоглобин афзуда, эритроситҳо ба ҳамдигар мечаспанд).
Захираи асосии оби организм дар ҳуҷайраҳо ва фазои байни онҳо ҷой гирифтааст; миқдори он тавассути ионҳои натрий танзим карда мешавад. Ба дохили ҳуҷайра роҳ ёфтани обро ионҳои калий танзим менамоянд. Ихроҷи об аз узвҳо асосан тавассути рагҳои лимфа сурат мегирад. Дар организми одам бояд 2 – 11 л лимфа вуҷуд дошта бошад. Дар давоми 1 дақ. ба воситаи артерияи гурда 1,1 л хун ворид мешавад; дар ин муддат аз рагҳои лимфаи гурда 125 мл лимфа ҷорӣ гашта, ба ҷомчаҳои гурда бошад, ҳамагӣ 1 мл пешоб дохил мешавад.
Б. о. мубодилаи обро дар узвҳо якбора халалдор месозад. Дар натиҷа лимфа ғафс ва рагҳо борик мегарданд. Яке аз аломатҳои Б. о. варам кардани узв аст. Дар амалияи тиб барои табобати варам «оби зиёдати»-и организмро ба воситаи давоҳои пешоброн хориҷ мекунанд. Ин фикри ғалат аст. Зеро маҷбуран аз плазмаи хун хориҷ кардани об хунро ғафстар мегардонад. Дар натиҷа ҳаракати хун дар капиллярҳо халал ёфта, мубодилаи моддаҳо дар ҳуҷайра хароб мешавад. Б. о. ба ихтилоли мубодилаи сафедаҳо мусоидат мекунад. Дар заминаи ин синтези сафеда вайрон ва фишори осмосии фазои байни ҳуҷайраҳо паст мешавад. Маҳз норасоии сафедаҳо дар плазмои хун садди роҳи ба капиллярҳо гузаштани об хоҳад шуд. Барои табобати он мувозанати обу намакҳоро дар организм барқарор кардан лозим аст.
Ҳангоми Б. о. одам сахт ташна монда, тарашшӯҳи ғадудҳои ҳозима суст мегардад. Бинобар якбора сар задани Б. о. ихтилоли рӯҳӣ, беҳушӣ, баъзан фавт ба мушоҳида мерасад. Б. о. дар кӯдакон нисбатан зудтар ба вуқӯъ мепайвандад. Дар ҳолатҳои ба иллат табдил ёфтани Б. о. ташнагиро бо оби шӯртаъм шикастан лозим аст. Дар натиҷа нафақат талафи об, балки миқдори электролитҳо низ барқарор мешаванд. Баҳри муолиҷаи Б. о. сабабҳои онро рафъ сохтан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …