Главная / Илм / АНТРОПОМЕТРИЯ

АНТРОПОМЕТРИЯ

antropometriyaАНТРОПОМЕТРИЯ (Antrophometria; аз антропо… ва …метрия), колбадшиносӣ, маҷмӯи тарзу усулҳои муқаррар намудани хусусиятҳои морфологии бадани одам: чен кардани қад, вазн, андомҳои зоҳирии бадан (андозаи косахонаи сар, қафаси сина, гардан, китф, бозу, рон, соқи по), инчунин нишондодҳои вазоифӣ (гунҷоиши шуш, қувваи мушакҳо ва ғ.). Дар мавриди А. аломатҳои ченкунӣ ва тафсирӣ кор фармуда мешаванд. Нишондиҳандаҳои ченкуниро бо рақам, нишонаҳои тафсирӣ (мас., ранги чашм, шакли қафаси сина, шикам, сабзиши мӯи зери ноф, зери бағал ва ғ.), ҳангоми муоина бо роҳи муқоиса бо меъёрҳо, яъне ҷадвалу моделҳо муқаррар мекунанд.
Дар тиб А.-ро бештар зимни тадқиқи инкишофи ҷисмонӣ истифода мебаранд. Дар аснои назорати инкишофи ҷисмонии бачагон А. чун нишондоди қадкашӣ ва шаклгирии организм аҳамияти махсус дорад. Қаду вазн, андозаи сару қафаси сина ва диг. узвҳои кӯдакони яксоларо моҳе як бор, кӯдакони синни томактабиро соле 2 – 3 маротиба, синни мактабиро ҳар сол 1 бор дар рафти муоинаи тиббӣ чен мекунанд. Андозагирии пай дар пайи антропометрӣ имкон медиҳад, ки нуқсҳои инкишофи ҷисмонии бачагон (қадкашии суст, наафзудани вазн чун нишонаи аввалини баъзе бемориҳо ё ихтилоли низоми инкишоф) сари вақт ошкор карда шаванд. Ғайр аз ин, А.-ро дар аснои ташхиси тиббии ҷавононе, ки ба сафи артиш даъват шудаанд ва ҳангоми назорати тиббии варзишгарон низ ба кор мебаранд. Натиҷаҳои А. дар саноат барои тайёр кардани қолабҳои сарулибос, пойафзол, мебел, ҳамчунин дар амалҳои лоиҳакашию ҷиҳозонидани ҷойҳои кор муҳим аст. А. дар криминалистика ва тибби судӣ низ аҳамияти калон дорад. Бо мақсади ба даст овардани маълумоти аниқ колбадро дар сурати бараҳна будани бадан, одатан, пагоҳӣ андоза мегиранд. Андозагирии такрорӣ бояд то ҳадди имкон дар як вақту соат гузаронида шавад.
Дарозии қадро бо қадченкунак муайян мекунанд. Се ҷои бадани шахс – пошна, сурин ва шонаҳо бояд ба қадченкунак расида истад; сарро дар чунин ҳолат тавре нигоҳ бояд дошт, ки мучи гӯш ва кунҷи берунии косахонаи чашм дар як хати уфуқӣ ҷой гиранд. Вазнро бо тарозуи тиббӣ бармекашанд. Шахс бояд дар миёнаҷои тарозу рост истад. Вазнро пагоҳӣ, пеш аз ношто баркашидан беҳтар аст. Атрофи қафаси синаро бо метри тасмашакл чен мекунанд. Шикам дар вақти рост истодан ва ором нафас нагирифтани одам чен карда мешавад. Спирометрия – муайян кардани гунҷоиши шуш, яъне гунҷоиши зиёдтарин ҳавоест, ки одам баъд аз нафасгирии чуқур онро мебарорад. Онро бо спирометр 2 – 3 бор чен намуда, натиҷаи беҳтаринро ба ҳисоб мегиранд. Динамометрия – тавассути динамометрҳои фанарии барқад ва дастӣ чен кардани неруи мушакҳост. Дастаки динамометр бояд аз зону боло ҷой нагирад. Динамометрро такон надода кашидан лозим (дар ин маврид зоную даст бояд хам нашаванд). Динамометри дастиро дар каф чунон бояд дошт, ки ҷадвали он рӯ ба боло бошад. Ҳангоми фушурдани асбоб дастро озодона поён фаровардан ё дар ягон тараф нигоҳ доштан лозим аст; баъд аз 2 – 3 маротиба чен кардан, адади бештаринро ба ҳисоб мегиранд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …