Главная / Илм / АНУРИЯ

АНУРИЯ

anurijaАНУРИЯ (Anuria; аз an – ҳиссачаи инкорӣ ва uron – пешоб), тамоман қатъ ё хеле кам шудани ихроҷи пешоб. Ҳангоми бемориҳои гуногун, мас., нефрити шадид ва музмин, банд шудани роҳи пешоб, иллати шадиди гурдаҳо, нефропатияи занҳои ҳомила, қай ва исҳоли беист (вабо, гастроэнтерит) ба амал меояд. А. пасигурдаӣ, пешигурдаӣ, ҳақиқӣ, дурӯғин, рефлексӣ ва ғ. мешавад. А.-и пасигурдаӣ дар навзодоне, ки гирифтори аплазияи гурда мебошанд, ба мушоҳида мерасад. Он дар одамони калонсол баъди қатъ карда шудани гурдаи ягона сар мезанад. А.-и пешигурдаӣ дар натиҷаи фишор хурдан ё қат шудани рагҳои гурда (бинобар инкишофи омос, тромбоз ва эмболеяи артерияҳои гурда) ба вуҷуд меояд. Ба ин гурӯҳ ҳамчунин А.-еро дохил мекунанд, ки дар натиҷаи талафи зиёди хун, ихтилоли вазнини хунгардиш (ҳангоми амрози дилу рагҳо) ва талафи барзиёди моеъ (дар мавриди исҳоли бардавом, қайи беохир, обварам ва ғ.) сар задааст. А.-и ҳақиқӣ дар натиҷаи бемориҳои диффузии гурдаҳо (гломерулонефрит, пиелонефрит, поликистоз, заҳролудӣ аз сулема, намакҳои сурб, сулфаниламидҳо ва ғ.) пайдо мешавад. Сабаби А.-и дурӯғин ба вуҷуд омадани монеаҳо дар роҳи пешоб аст (омос, санг ва ғ.). А.-и рефлексӣ ҳангоми осеби сахти рӯҳӣ, истерия, дарди тоқатфарсо, ҷарроҳии вазнин ва ғ. ба мушоҳида мерасад. Бо мақсади табобати А. қабл аз ҳама сабаби онро рафъ сохтан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …