Главная / Илм / АНТРОПОЛОГИЯ

АНТРОПОЛОГИЯ

antropologiiaАНТРОПОЛОГИЯ (аз антропо… ва …логия), илм дар бораи пайдоиш, инкишоф, қонуниятҳои дигаргунии сохти бадани одам ва ташаккули нажодҳо. Юнониёни қадим бо мушоҳидаю ақидаҳои худ ба равнақи А. саҳми калон гузоштанд. Намояндагони илми тиб, сайёҳон, табиатшиносон, файласуфон онро инкишоф доданд.
А. ба се қисм тақсим мешавад: антропогенез, нажодшиносӣ ва морфологияи одам. А.-и тиббӣ бахши махсуси А. буда, он хусусиятҳои тағйирпазирии аломатҳои морфологии одамро дар робита ба бемориҳои гуногун меомӯзад. А.-и тиббӣ бо географияи тиббӣ алоқаи устувор дорад.
Як қисми А.-ро, ки дар асоси маълумотҳои остеология, одонтология ва антропометрия (ҳангоми экспертизаи ҷинс ва синни одам, идентификатсияи шахсият) фаъолият менамояд, А.-и тиббии судӣ меноманд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …