Хабарҳои охирин

АЛФИЙЯ ВА ШАЛФИЙЯ

asar

«АЛФИЙЯ ВА ШАЛФИЙЯ», манзумаи ҳаким ва шоир Абӯбакр Зайниддин ибни Исмоили Азрақӣ (ваф. 1083). Ба забони тоҷикӣ ва барои ҳокими Нишопур – Туғоншоҳ (ҷияни Туғрали Салҷуқӣ), ки ба бемории заъфи боҳ гирифтор шуда, табибон дар илоҷи он оҷиз омада буданд, таълиф гаштааст. Аз мутолааи манзума қувваи боҳи ҳоким барқарор шудааст. …

Муфассал »

АЛФОЗУ-Л-АДВИЯ

asar

«АЛФОЗУ-Л-АДВИЯ», асари ҳаким Нуриддин Муҳаммад Абдуллоҳ (маъруф ба ҳаким Айнулмулки Шерозӣ; а. 18). Китоб ба забони тоҷикӣ таълиф шуда, оид ба таҳқиқи номҳо, табиат ва хосияти доруҳои сода баҳс мекунад. С. 1726 ба номи Шаҳобиддин Муҳаммад Шоҳиҷаҳон таълиф шуда, аз муқаддима, натиҷа ва хотима иборат аст. Муқаддима дар чаҳор фоида …

Муфассал »

АЛ-ФОХИР Фӣ-Т-ТИБ

asar

«АЛ-ФОХИР Фӣ-Т-ТИБ», асари Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865 – 925). Китоб аз як муҷаллади бузург ва 26 боб иборат аст. Муаллиф дар он ақидаи файласуфонро дар бораи манфиат ва зиёни доруҳо ва ғизоҳо оварда, орои баъдомадагону пешгузаштагони тиб оид ба аворизу иллатҳои дар инсон аз сар то пой рӯйдиҳандаро …

Муфассал »

АЛ-ФУСУЛУ-Л-ИЛОҚИЯТУ Фӣ КУЛЛИЁТИ-Т-ТИБ

asar

«АЛ-ФУСУЛУ-Л-ИЛОҚИЯТУ Фӣ КУЛЛИЁТИ-Т-ТИБ», асари Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Юсуфи Илоқӣ (ваф. 1141) дар робита ба куллиёти тиб. Китоб аз рӯи куллиёти «Қонуни тиб»-и Ибни Сино талхис ва танзим карда шудааст. Аҳамияти китобро ба назар гирифта, олимон минбаъд ба он шарҳҳои зиёд таълиф намудаанд, чунончи: шарҳи ҳаким Маҳмуд ибни Алӣ ал-Ҳимсӣ мусаммо …

Муфассал »

АЛ-ҲОВӣ

asar

«АЛ-ҲОВӣ», асари Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар тиб. Розӣ дар асар ҳамаи бемориҳои маълум ва муолиҷаи онҳоро зикр кардааст. Бино ба маълумоти Абӯрайҳони Берунӣ «А.-Ҳ.» аз 13 фасл иборат аст: беморӣ ва муолиҷаи беморон, ҳифзи сиҳат; бахия (чоки захм), шикастабандӣ ва захмҳо; нерӯи доруҳо, ғизо ва диг. моддаҳо, ки дар …

Муфассал »