Хабарҳои охирин

АМБУЛАТОРИЯ

ambulatoria

АМБУЛАТОРИЯ (лот. ambulatorius – бо рафтуо иҷро кардан), муассисаи пешгирию табобати бемориҳо. А. ба фаъолияти нуқтаҳои фелдшерию акушерӣ ва нигаҳдории тандурустӣ назорату роҳбарӣ мекунад. Назар ба дармонгоҳ дар А. шумораи ками мутахассисон – терапевт, ҷарроҳ, педиатр, стоматолог кор мекунанд. Беморонеро, ки ба намуди дигари ёрии тиббӣ мӯҳтоҷанд, ба муассисаҳои дахлдор …

Муфассал »

АМВОҶИ ЭЛЕКТРОМАГНИТӣ

amvochi-elektromagniti

АМВОҶИ ЭЛЕКТРОМАГНИТӣ, афканишоти электромагнитӣ, тағйири майдони электромагнитӣ, ки дар фазо бо суръати ниҳоӣ (охирнок) паҳн мешавад., афканишоти электромагнитӣ, тағйири майдони электромагнитӣ, ки дар фазо бо суръати ниҳоӣ (охирнок) паҳн мешавад. Ба афканишоти электромагнитӣ мавҷҳои радио (мавҷҳои дароз, миёна, кӯтоҳ, ултракӯтоҳ ва микромавҷҳо), афканишоти гармӣ (шуоъҳои инфрасурх, рӯшноии ба чашм намоён …

Муфассал »

АМЕНОРЕЯ

amenoreya

АМЕНОРЕЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ, юн. men – моҳ ва rheo – мешорам), беҳайзӣ, ҳайз надидан. Ҳолатест, ки зан дар муддати 6 моҳ ё аз ин бештар ҳайз намебинад. Агар духтар баъди ба балоғат расидан ё зан тамоман ҳайз надида бошад, А.-и якумин ва агар боре ҳайз дида, минбаъд …

Муфассал »

АМЁБАҲО

amyoba

АМЁБАҲО (Amoebina), як гурӯҳи соддатаринҳо. Бештар дар обанборҳои шириноб, гоҳо дар хок сукунат ихтиёр мекунанд. А.-ҳои паразит низ мавҷуданд. Андозаи А. аз 50 мкм то 2 – 3 мм аст. А. шакли доимӣ надоранд. А.-е, ки ҷисмашон аз ситоплазма иборат аст, пойҳои қалбакӣ (псевдоподияҳо) дошта, онҳо вазифаи ҳаракат ва доштани …

Муфассал »

АМЁБИАЗ

amyobiaz

АМЁБИАЗ (Amoebiasis), дизентерияи амёбавӣ, як навъ бемории паразитӣ. Ҳангоми он рӯдаҳо захмнок мешаванд, гоҳо думбал (абстсесс)-и ҷигар, майна ба вуҷуд меояд, шуш ва узвҳои дигар осеб меёбанд. Ангезаи А. (Entamoeda histolytica) ба оилаи Entamoebidae, синфи Sarcodinae (қалбакипойҳо), типи Protozoa мансуб аст. Ҳаёти ангезанда аз ду давра иборат мебошад: нашвӣ (трофозоид) …

Муфассал »