Главная / Илм / ГИПОДИНАМИЯ

ГИПОДИНАМИЯ

gipodinamiyaГИПОДИНАМИЯ (Hypodynamia), камҳаракатӣ, фаъолияти нокифояи мушакҳо, ки бинобар паст шудани фаъолияти ҷисмонии одам (гипокинезия) рух менамояд. Г. дар натиҷаи камҳаракатӣ ба вуҷуд меояд. Дар мактаббачагон бенизомии зиндагӣ ва иҷрои вазифаи хонагии аз ҳад зиёд (дар натиҷа барои сайру гашт, бозӣ ва варзиш вақт кам мемонад) боиси Г. мегарданд. Г. дар калонсолон бинобар беморӣ, ки кас бистарӣ гашта (мас., дар давраи сактаи қалб, ҳангоми захми пой ва сутунмӯҳра), ночор кам ҳаракат мекунад, пайдо шуданаш мумкин аст. Г. ҳангоми парвози дуру дарози кайҳонӣ низ ба вуҷуд меояд.
Бинобар суст гаштани фаъолияти ҷисмонӣ сарфи энергия кам ва таъмини бофтаҳо бо хун бад мешавад; гардиши хун дар капиллярҳо суст мегардад; ба мағзи сар, дил ва диг. узвҳо оксиген намерасад (ниг. Гипоксия); сохти торҳои мушаки дил тағйир, фаъолияти гормонҳо ва асабия халал меёбад. Дар аснои Г. интиқоли ахбор аз ҷониби мушакҳо ба силсилаи асаби марказӣ суст гашта, ба мағзи сар таъсири ногувор мерасонад. Чунки мӯътадилии тонуси асабия, танзими гардиши хун ва мубодилаи моддаҳо аз фаъолияти ҷисмонӣ сахт вобаста аст.
Бинобар якбора кам шудани ҳаракат, мушакҳо хурд ва заиф гашта, сохти устухонҳо тағйир меёбад. Вобаста бо атрофияи мушакҳо миқдори бофтаи равған меафзояд, ҷараёни мубодилаи моддаҳо халал ёфта, фаъолияти силсилаи асаби марказӣ вайрон мешавад, аломатҳои заъфи рӯҳӣ – хастагӣ, тундмизоҷӣ, зудранҷӣ, низоъҷӯӣ ба вуқӯъ мепайванданд. Бештар кори дилу рагҳо халал меёбад, қувваи кашиши мушакҳои дил суст шуда, чандирии девораи рагҳои хун мекоҳад (ин боиси атеросклероз ва бемории гипертония хоҳад шуд). Тағйироти кори узвҳои дилу раг дар ибтидо чун нафастангӣ, ногаҳон ва зуд-зуд тапидани дил (ҳангоми тез роҳ рафтан), пайдоиши дарди дил (дар аснои кори ҷисмонӣ), эҳсосоти нохуш ва ғ. зоҳир мешавад. Ҳангоми Г. гардиши хун дар венаҳо куллан тағйир ёфта, боиси пайдоиши бавосир мегардад. Аз мушоҳидаи духтурон маълум аст, ки ба атеросклероз, иллати рагҳои хун ва бемории гипертония бештар одамоне гирифтор мешаванд, ки касбашон бо кори ҷисмонӣ кам вобаста аст.
Г. хусусан барои кӯдакон ва мактабиён хавфнок аст. Он ташаккули организмро боздошта, ба инкишофи узвҳои такяю ҳаракат, дилу рагҳо, ғадудҳои эндокринӣ таъсири зиёновар мерасонад. Дар аснои Г. муқобилияти организм ба ангезандаи амрози сироятӣ суст аст; кӯдакон тез-тез бемор шуда, бемории онҳо кашол меёбад.
Фаъолияти ҷисмонӣ ба инкишофи малакаҳои таҳрикавии кӯдак, мушакҳо, устухонбандӣ ва қаду қомат таъсири мусбат мерасонад, мубодилаи моддаҳо, гардиши хун ва нафаскаширо танзим карда, ба фаъолияти дилу рагҳо тақвият мебахшад. Бинобар камҳаракатӣ ва дар як ҳолати тӯлонӣ нишастани мактаббача қомат ва сутунмӯҳра нодуруст инкишоф меёбанд. Нокифоягии таҳмили мушакҳо сабаби номураттабии фаъолияти организм, заъфи қобилияти кори ҷисмонӣ ва фикрӣ низ мешавад. Камҳаракатии миёнсолон ва пиронсолон ба инкишофи атеросклероз мусоидат карда, танзими тонуси рагҳоро бад, гардиши хунро дар мағзи сар ва дил вайрон мекунад. Аз камҳаракатӣ мушакҳо бармаҳал суст ва қомат хам мешавад.
Беморе, ки тӯлонӣ бистарӣ шудааст, бояд барои пешгирии Г. машқҳои махсуси ҷисмониро иҷро кунад. Барои барҳам додани оқибати Г. духтур ба мариз масҳ, варзиши муолиҷавӣ, проседураҳои обӣ, баъзан дору таъин менамояд. Дар натиҷаи варзиши ҳаррӯзаи пагоҳӣ, гимнастика, спорт, кори ҷисмонӣ (мувофиқи қувват), пиёдагардӣ ва ғ. Г. – ро пешгирӣ кардан мумкин аст.
Вақти кору истироҳати шахс бояд аниқ бошад; кӯдак баробари дар мактаб ба тарбияи ҷисмонӣ машғул буданаш, дар хона низ бояд ин машғулиятро давом диҳад. Дар ин кор падару модар бояд намуна бошанд; пагоҳӣ якҷоя бо фарзандон варзиш кардан ва пиёда гаштан аҳамияти калон дорад. Ба бачаҳо бозиҳои спортӣ (мас., чавганбозӣ, велосипедронӣ, гӯштингирӣ, оббозӣ)-ро ёд додан лозим аст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …