Главная / Илм / ГИПОКСИЯ

ГИПОКСИЯ

gipoksiyaГИПОКСИЯ (Hypoxia; аз гипо… ва лот. ox ygenium – оксиген), камоксигенӣ, ҳолатеро гӯянд, ки дар мавриди бо оксиген пурра таъмин нашудани бофтаҳои организм ё ихтилоли ҷаббиши он дар бофтаҳо ба вуҷуд меояд. Г. метавонад боиси сар задани бемориҳои гуногун шавад. Мувофиқи тасаввуроти ҳозира Г.-и кӯтоҳмуддат имкон дорад дар организми сиҳат низ рух намояд, мас., ҳангоми кори вазнини ҷисмонӣ, бисёр зӯр задан, машқҳои спортӣ ва ғ. Дар ин гуна ҳолатҳо эҳтиёҷи организм ба оксиген якбора меафзояд.
Г. шадид, барқосо (чанд сония) ва музмин (моҳҳо ва солҳо давом мекунад) мешавад. Сабабҳои Г. гуногун мебошанд. Он аз нарасидани оксигени ҳаво, мас., ҳангоми баромадан ба баландӣ, пӯшидани либоси ғаввосӣ, кор дар кон ва киштии зериобӣ рӯй медиҳад. Г. ҳамчунин дар аснои бо ҷисмҳои бегона ё луоб баста шудани роҳи нафас, ташаннуҷи бронхҳо, иллати шуш (обварам ё газак), ки боиси костани ҳаҷми нафасгирандаи шуш мешавад, ба вуҷуд меояд. Аз баста шудани роҳи нафас ҳолати вазнин – асфиксия ба амал меояд.
Г.-и шадид аз талафи зиёди хун, сактаи дил, инчунин ҳангоми заҳролудӣ аз оксиди карбон (дар натиҷа хун қобилияти ба бофтаҳо бурда расондани оксигенро гум мекунад) рӯй медиҳад. Г.-и музмин дар мавриди нуқси дил ва кардиосклероз, ки бо заъфи кори дил ва бо хун пурра таъмин нашудани бофтаҳо вобаста аст, инкишоф меёбад.
Г.-е, ки дар натиҷаи таъсири баъзе моддаҳои химиявӣ (мас., сианидҳо) ба вуҷуд меояд, хеле густариш ёфтааст. Дар натиҷаи ба фаъолияти ферментҳои нафаскашии бофтаю ҳуҷайра халал ворид сохтани он қобилияти аз худ кардани оксиген гум шуда, Г.-и ниҳоят тез (барқосо) рӯй медиҳад. Нарасидани баъзе витаминҳо низ муҷиби Г. мешаванд.
Асабҳо ба нарасидани оксиген хеле ҳассос мебошанд. Мас., баъди 2 – 3 дақ. қатъ гаштани таъмини оксиген аломатҳои ихтилоли ҷиддии фаъолияти қишри мағзи сар падид меоянд. Дар натиҷаи Г. мубодилаи моддаҳо дар бофтаю ҳуҷайраҳои организм якбора тағйир меёбад, кори дил тез, сипас тадриҷан суст (бо ном «набзи риштавор») хоҳад шуд; ранги рӯи бемор мепарад, ӯро арақи сард зер карда, дасту по хунук ва худ беҳуш мешавад. Дар натиҷаи заҳролудӣ (мас., ҳангоми нафас кашидани гази метан ё буғҳои кислотаи сианид) кори узвҳои муҳим (дил, мағзча ва ғ.) зуд ва пурра қатъ мегардад. Авзои минбаъдаи организм ба он вобаста аст, ки Г.-и шадид дар қишри нимкураҳои калони майнаи сар чӣ тағйирот ба амал овардааст.
Хастагии зуд, нафастангӣ, дилзанӣ (ҳатто аз кори сабуки ҷисмонӣ) ва суст гаштани қобилияти корӣ аломатҳои Г.-и музмин буда, онҳо бинобар заъфи кори дил ва рагҳои хунгард, узвҳои нафаскашӣ ё баъзе бемориҳои бардавом ба вуҷуд меоянд.
Барои пешгирии Г.-е, ки аз норасоии оксиген сар задааст, машқҳои махсус мавҷуданд. Дар натиҷаи иҷрои онҳо организм ба Г. (барои кор кардан дар шароити баландкӯҳ, киштии кайҳонӣ ва ғ.) одат менамояд.
Дар аснои рух намудани Г. зарардидаро ба ҳавои тоза мебароранд ё ба ӯ барои нафас кашидан, оксиген медиҳанд. Агар Г. ба организм таъсири амиқ нарасонида бошад, пас ин тадбир барои рафъи оқибати он кифоя аст. Агар ба роҳи нафас ҷисмҳои бегона афтанд, барои дур сохтани онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд (ниг. Ҷисмҳои бегона). Одами аз гази карбон заҳролудшударо ба ҳавои тоза бароварда, нафаси сунъӣ медиҳанд.
Дар ҳама гуна ҳолатҳои норасоии шадиди оксиген ёрии тиббӣ зарур аст. Агар ба ҷафодида сари вақт ёрӣ расонанд, оқибати ногувори Г. бартараф мешавад.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …