Главная / Илм / ГИПОКСИЯИ ТИФЛИ БАТН

ГИПОКСИЯИ ТИФЛИ БАТН

gipoksiyaГИПОКСИЯИ ТИФЛИ БАТН (Hypoxia fetus), ҳолати маризие, ки бинобар бо оксиген пурра таъмин нашудани бофтаю узвҳои тифли батн ба вуҷуд меояд. Г. шадид ва музмин мешавад. Г.-и шадид ҳангоми таваллуд (дар натиҷаи нуқси зоимон, афтодан ё фишор хӯрдани ноф, дар ҷавфи коси хурд муддати зиёд дармондани сари тифл), баъзан дар мавриди ҳомилагӣ (бинобар даридани бачадон, пеш аз мӯҳлат кӯчидани ҳамроҳак ва ғ.) рух менамояд (он зуд боиси ихтилоли фаъолияти узвҳои асосӣ мегардад). Г.-и музмин дар аснои бемориҳои аъзои таносул, токсикозҳои ҳомилагӣ (сарторикӣ), аз мӯҳлат гузаштани ҳамл, номувофиқии хуни модару тифл, сироят ёфтани кӯдак ва ғ. пайдо мешавад. Он тадриҷан инкишоф меёбад, бинобар ин тифл ба норасоии якмароми оксиген одат мекунад. Г.-и музмин аломатҳои клиникӣ надорад.
Норасоии гарони оксиген боиси ихтилоли хунгардиш ва микросиркулятсия мешавад; дар тифл тахикардия, брадикардия, фишорбаландӣ ба мушоҳида мерасад; хун бинобар аз маҷрои раг берун баромадани плазма ғафс мегардад; бофтаҳо варам мекунанд. Дар бофтаҳо ғун шудани маҳсули турши мубодила (атсидоз) ва халал ёфтани мувозанати электролитҳо боиси варами дохили ҳуҷайраҳо мегардад. Ин ҳама ба фаъолияти узвҳои ҳаётан муҳим таъсири номатлуб расонда, бо фавти кӯдак анҷом мепазиранд.
Аломати асосии болинии Г.-и шадид ихтилоли фаъолияти дил (то зиёда аз 160 зарба дар 1 дақ. афзудан ё то 120 зарба дар 1 дақ. кам шудани таппиши дил)-и кӯдак аст.
Ҳангоми гумон бурдан аз Г.-и музмин (токсикозҳои ҳомилагӣ, бемориҳои аъзои таносул ва ғ.) занро зуд дар беморхона хобондан ё ба маркази ташхиси бемориҳо фиристодан лозим аст. Дар сурати ба назар расидани нишонаҳои Г.-и шадид зани ҳомиларо бетаъхир дар беморхона мехобонанд. Муолиҷа вобаста ба аломату сабабҳои Г. сурат мегирад.
Бо мақсади пешгирии Г. сари вақт ошкор ва муолиҷа намудани бемориҳои аъзои таносул, оризаҳои ҳомилагӣ ва назорати ҳолати тифли батн аҳамияти калон дорад. Ҳамчунин муҳим аст, ки таваллуди тифл дуруст сурат гирад.
М.Ф. Додхоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …