Хабарҳои охирин

ГИПОТАЛАМУС

gipotalamus

ГИПОТАЛАМУС (Hypothalamus), қисми мағзи сар, ки дар зери дӯнгии (барҷастагии) босира воқеъ аст;ба таркиби мағзи мобайнӣ дохил шуда, қаър ва девораи меъдачаи сеюм (қисми диэнсефалӣ)-ро ташкил медиҳад. Г. маҷмӯи марказҳои олии мутобиқат мебошад. Дар он зиёда аз 30 ҷуфт ҳуҷайраҳои асаб – ядроҳо мавҷуд буда, ба воситаи роҳҳои гуногуни асаб …

Муфассал »

ГИПОТЕНЗИЯ

gipotenziya

ГИПОТЕНЗИЯ (Hypotensio; аз гипо… ва лот. tensio – шиддат), фишорпастӣ, аз меъёр паст фуромадани фишори хун, лимфа ва ғ. дар рагҳо. Истилоҳи «гипотония»-ро барои ифодаи суст гаштани тарангии мушакҳо кор фармудан беҳтар аст. Барои ифодаи фишори пасти хун истилоҳи Г. дуруст мебошад. Г.-и шараён ё фишорпастии шараёнӣ ҳолатест, ки фишори …

Муфассал »

ГИПОТИРЕОЗ

gipertireoz

ГИПОТИРЕОЗ (Hypothyreosis; аз гипо… ва glandula thyroidea), бемории ғадудҳои дохилӣ. Г. аз сабаби модарзодӣ ё ғайримодарзодӣ заиф гаштани фаъолияти ғадуди сипаршакл ба вуҷуд меояд. Он ҳамчунин дар натиҷаи иллати гипофиз, ки фаъолияти ғадуди сипаршаклро танзим мекунад, сар мезанад. Бинобар осеби ғадуди сипаршакл гормонҳои он – тироксин ва трийодтиронин ба хун …

Муфассал »

ГИПОТОНИЯ

gipotoniya

ГИПОТОНИЯ (Hypotonia; аз гипо… ва юн. tonos – шиддат), паст будани шиддати мушакҳои суфта ва скелетӣ, ки бо костагии муқовимати онҳо нисбати ёзидан ва ихтилоли фаъолияти узвҳо падид меояд. Паст гаштани тонуси мушакҳои узвҳои тиҳии роҳи меъдаю рӯдаҳо боиси ёзидани девора ва халал ёфтани фаъолияти онҳо мешавад. Мас., ҳангоми Г.-и …

Муфассал »

ГИПОТРОФИЯ

gipotrofiya

ГИПОТРОФИЯ (Hypotrophia; аз гипо… ва trophe – ғизо, хӯрок), ихтилоли музмини тағзияи кӯдак, ки тадриҷан ба лоғарӣ мерасонад. Г. бештар дар кӯдакони синни хурдсол, инчунин дар ҷанин ҳангоми бемориҳои гуногуни модар (Г.-и батнӣ) ба амал меояд. Сабабҳои Г. гуногун мебошанд, мас., кам будани шири модар, синамаконии ноӯҳдабароёна, муддати дароз ба …

Муфассал »