Главная / Илм / ГЕМОСОРБСИЯ

ГЕМОСОРБСИЯ

gemosorbsiyaГЕМОСОРБСИЯ (аз юн. гемо… ва лот. sorbere – ҷаббидан, фурӯ бурдан), усули аз организм берун кардани моддаҳои заҳрнок. Бо истифода аз асбоби махсус хуни беморро ба сорбентҳо мегузаронанд. Сарбентҳо қодиранд моддаҳои заҳрноки таркиби хунро ҷаббида, пурра нигоҳ доранд. Аксар вақт ба сифати сорбентҳо ангишти фаъол ё қатронҳои ионивазкунандаро кор мефармоянд. Г.-ро ҳангоми аз адвиёт ва диг. моддаҳо заҳролуд шудани одам, инчунин барои муолиҷаи беморони гирифтори осеби шадиди ҷигар ва гурда истифода мекунанд.
Г.-ро духтур ё корманди миёнаи тиббӣ зери назорати духтур мегузаронад. Ҳангоми Г. зарфи махсус (колонка)-ро бо сорбент пур карда, тавассути найчаҳо ба раги хунгарди патсиент мепайванданд. Хунро ба найчаҳо насос мекашад. Барои пайдо нашудани ҳубобчаҳои ҳаво камераҳои ҳубобнишон мавҷуданд. Дар камераҳо ҳамчунин манометрҳо насб карда шудаанд, ки онҳо фишори хунро то зарфи сорбентдор ва баъди он чен мекунанд. Ин амал барои ошкор сохтани эҳтимолияти дар колонка лахта шудани хун муҳим аст. Ҳамаи асбобҳои Г. тамйизӣ мебошанд.
Ба раги хунгард катетерро одатан духтур мегузорад. Вазифаи кормандони миёнаи тиббӣ аз омода сохтану пайвастани қисмҳои асбоб, бо маҳлули изотонии хлориди натрий ва гепарин шустани асбоб, ба патсиент пайвастан ва бо хун пур кардани он, назорати рафти проседура ва ҳолати патсиент иборат аст.
Дар мавриди Г. мумкин баъзе оризаҳо рух намоянд, мас., паст шудани фишори шараён, табларза, хуншорӣ ва ғ. Дар чунин ҳолатҳо Г.-ро қатъ карда, иллатҳои сарзадаро табобат менамоянд.
Тарзи пайваст намудани асбоб ҳангоми гемосорбсия: 1 – катетерҳое, ки ба рагҳо (ба вена ё венаю артерия) ворид карда шудаанд; 2 – найча барои гирифтани хун; 3 – насос (тулумба) барои кашидани хун; 4 – камераҳои ҳубобнишон; 5 – асбоб барои фиристодани гепарин; 6 – манометрҳо бо камераҳои тақсимгар, ки хунро аз манометрҳои ғайритамийизӣ ҷудо мекунанд; 7 – зарфи сорбентдор; 8 – дарғот (клапан)-и магнитӣ барои ҳифзи бемор аз банд омадани ҳаво; 9 – найча барои бозгашти хун. Самти ҳаракати хун бо тирчаҳо ишора шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …