Главная / Илм / ГЕМОСИДЕРОЗИ ПӯСТ

ГЕМОСИДЕРОЗИ ПӯСТ

gemosiderozi-pustГЕМОСИДЕРОЗИ ПӯСТ (Haemosiderosis cutis; аз гемо… ва юн. sideros – оҳан), иллати пӯст, ки бинобар афзудани нуфузпазирии капиллярҳо ва дар пӯст таҳшон шудани пигменти гемосидерин ба вуҷуд меояд. Дар мавриди Г. п. дар пӯсти по доғҳои ҷигарии бӯртоб пайдо мешаванд. Г. п. якумин ва дуюминро фарқ мекунанд. Дар инкишофи Г. п.-и якумин мавқеи бемориҳои сироятӣ, заҳролудӣ, ихтилоли нейроэндокринӣ (мас., диабети қанд), бемориҳои умумии рагҳо (мас., бемории гиппертония) ва ғ. калон аст. Г. п.-и дуюмин ҳангоми бемориҳои гуногуни пӯст (мас., дерматит, экзема, нейродермит) ва осеби он пайдо мешавад. Ихтилоли ҳаракати хун, хусусан дар пойҳо (дар натиҷаи бисёр рост истодан) омили асосиест, ки ба пайдоиши Г. п. заминаи мусоид фароҳам меорад.
Бо мақсади табобати Г. п. бемории асосиеро, ки сабаби он шудааст, муолиҷа кардан лозим. Маризӣ некфарҷом буда, гоҳо худ аз худ шифо меёбад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …