Хабарҳои охирин

ҒУҶУММЕВА

guchummeva

ҒУҶУММЕВА, буттамева, тармева, худрӯй ва боғӣ мешавад. Ғ. хеле хуштаъм буда, дар таркибаш витамин, қанд, кислотаҳои органикӣ ва моддаҳои пектинӣ дорад, ҳазми хӯрокро метезонад. Моддаҳои пектинӣ барои аз моддаҳои пӯсида (уфунат) тоза кардани рӯдаҳо мусоидат менамояд; чунончӣ, тамашк 0,5 – 0,9, марминҷон 0,4 – 1,6, қоти сиёҳ 0,2 – 0,8 …

Муфассал »

ҒӯЗАИ ЧАШМ

guzai-chashm

ҒӯЗАИ ЧАШМ (Bulbus oculi), яке аз қисматҳои узви босира, ки шакли кураро дошта, дар косаи чашм ҷой гирифтааст; диаметраш тақр. 24 мм. Ғ. ч. аз дигар қисмҳои косаи чашм бо ниёми фиброзӣ устувор ҷудо карда шудааст; дар паси он насҷи чарбӣ ҷойгир мебошад. Девораи Ғ. ч. аз се парда иборат …

Муфассал »

ҒӯЗАХОР

cnicus-benedictus

ҒӯЗАХОР (Cnicus benedictus), хори гургак, як навъ гиёҳ. Аз 5 то 70 см қад мекашад. Пояаш рост, 5 – қирра, сершох, часпак. Баргаш дарозрӯя (то 20 см), паррадор, серпат ва хорнок. Гулаш майдаи найчашакл, зардтоб. Хӯшагулаш «сабадак». Тухмаш дорчинии зардча, байзашакл ё махрутшакл. Апр. – июн гул карда тухмаш июл …

Муфассал »

ҒӯЛИНГ

susheniy-persik

ҒӯЛИНГ, ғӯлунг, зардолуқоқ, зардолуи хушконида. Одатан навъҳои сергӯшту хуштаъми зардолуро мехушконанд (асосан дар офтоб). Баъзан пеш аз хушконидан зардолуро бо гази сулфит буғ медиҳанд ва чунин Ғ.-ро «туршак» ҳам мегӯянд. Вобаста ба хусусияти навъҳои зардолу Ғ. калондона (навъҳои Мирсанҷарӣ, Исфарак, Хурмоӣ, Зарафшонӣ, Навоӣ ва ғ.), миёна (Бобоӣ, Қандак, Хусравонӣ ва …

Муфассал »

ҒӯЛИНГОБ

persikovyy_sok

ҒӯЛИНГОБ, зардолуоб, як навъ нӯшокии миллии тоҷикист. Ғӯлингро шуста, ба зарфе андохта, аз болояш оби ширгарм (ҳарор. 25 –300) мерезанд. Сипас, сарпӯши зарфро пӯшида, дар ҷои салқин мемонанд. Баъди як шаборӯз ғӯлингҳо варам карда, дар об шира пайдо мешавад. Агар ғӯлинг беҳад ширин бошад, ба андозаи кам шудани оби Ғ. …

Муфассал »