ҒУҶУММЕВА, буттамева, тармева, худрӯй ва боғӣ мешавад. Ғ. хеле хуштаъм буда, дар таркибаш витамин, қанд, кислотаҳои органикӣ ва моддаҳои пектинӣ дорад, ҳазми хӯрокро метезонад. Моддаҳои пектинӣ барои аз моддаҳои пӯсида (уфунат) тоза кардани рӯдаҳо мусоидат менамояд; чунончӣ, тамашк 0,5 – 0,9, марминҷон 0,4 – 1,6, қоти сиёҳ 0,2 – 0,8 пектин доранд. Ғ. ба ҳаракат ва ихроҷи усораи узвҳои ҳозима таъсир расонида, холестеринро аз организм меронад.
Қариб ҳамаи навъҳои Ғ. ҷавҳари себ доранд, дар таркиби клюква миқдори зиёди ҷавҳари лиму, ангур кислотаи сирко, дар таркиби брусника ва клюква кислотаи бензоат мавҷуд аст. Ғ. манбаи моддаҳоест, ки дорои хосияти мусаддианд (танин ва катехин). Танин ба луобпардаи рӯда таъсири зиддиилтиҳобӣ мерасонад. Катехин хусусиятҳои витамини Р-ро дорад ва якҷоя бо витамини С девораҳои рагҳоро мустаҳкам мекунад.
Ғ.-ҳо бинобар хеле сероб буданашон зуд вайрон мешаванд. Дар Ғ.-и пухташуда (мураббо, оби мева ва ғ.) миқдори моддаҳои пурарзиши биологӣ, пеш аз ҳама витаминҳо, то андозае кам мешавад. Аммо ҳангоми зуд ях бастан ва ё яку якбора хушк кардан, қимати ғизоии Ғ. маҳфуз мемонад. Ниг. низ Афшура, Мева.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …