Хабарҳои охирин

ГАЗИ КАРБОН

gazi-carbon

ГАЗИ КАРБОН, ғубори ангишт (CO), маҳсули сӯзиши нопурраи ин ё он сӯзишворӣ. Г. к. рангу бӯй надорад; организмро заҳролуд мекунад. Омехтаҳои газии муҳаррикҳои дарунсӯз Г. к.-и зиёд доранд. Заҳролудӣ аз Г. к. ба ҳосил гаштани карбоксигемоглобин (моддае, ки оксигенро пайваст намекунад) вобаста аст (ниг. Хун). Дар натиҷа ба организм оксиген …

Муфассал »

ГАЗНА

gazna

ГАЗНА (Urtica dioica), газандиёр, газангир, анҷура, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 150 см қад мекашад. Пояи рости сершох, барги байзашакли нӯгтез, меваи донашакл дорад. Поя ва баргҳояш бо мӯякҳои «газанда» (номаш аз ҳамин ҷост) пӯшида шудаанд. Моҳи май гул карда, июн тухм мебандад. Асосан чун алафи бегона дар боғу киштзор, …

Муфассал »

ГАЗНАИ САГАК

gaznai-sagak

ГАЗНАИ САГАК (Leonurus turkestanicus), пӯстирник, гиёҳест бисёрсола. Аз 70 то 200 см қад мекашад. Пояи сершох, барги мудаввар ё байзашакли чокдор, гули гулобии паст дорад; июл – сент. гул мекунад. Дар минтақаҳои бешазори паҳнбарг, арчазор, алафзори нимсаванна, дашт, шибоғзор ва ғ. мерӯяд. Дар воҳаи д. Сир, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз ва …

Муфассал »

ГАЗҲОИ ИХРОҶШУДА

vyhlopnye-gazy

ГАЗҲОИ ИХРОҶШУДА, омехтаи моддаҳое, ки ҳангоми сӯхтани сӯзишворӣ дар муҳарраки дарунсӯз ба вуҷуд меояд. Бо Г. и. ифлос гаштани атмосфераи ҳаво бинобар афзоиши босуръати воситаҳои нақлиёт (автомобил, самолёт ва ғ.), махсусан дар шаҳрҳое, ки адади автомобилҳо тадриҷан меафзояд, масъалаи фавқулода муҳим гардидааст. Таркиби Г. и. ба навъи сӯзишворӣ, тартиби кори …

Муфассал »

ГАЙМОРИТ

gaimorit

ГАЙМОРИТ (Highmoritis), илтиҳоби луобпардаи ҷавфи Гаймор (ҷоғи боло). Г. шадид ва музмин мешавад. Г.-и шадид бисёр вақт чун оризаи ринити шадид, грипп, сурхакон, махмалак ва диг. бемориҳои ирсӣ, ҳамчунин дар натиҷаи бемориҳои илтиҳобии дандонҳо (Г.-и одонтогенӣ) падид меояд. Дард кардани ҷавфи осебёфта, ихтилоли нафаскашӣ бо бинӣ, аз бинӣ шоридани об, …

Муфассал »