Главная / Илм / ҒӯЛИНГОБ

ҒӯЛИНГОБ

persikovyy_sokҒӯЛИНГОБ, зардолуоб, як навъ нӯшокии миллии тоҷикист. Ғӯлингро шуста, ба зарфе андохта, аз болояш оби ширгарм (ҳарор. 25 –300) мерезанд. Сипас, сарпӯши зарфро пӯшида, дар ҷои салқин мемонанд. Баъди як шаборӯз ғӯлингҳо варам карда, дар об шира пайдо мешавад. Агар ғӯлинг беҳад ширин бошад, ба андозаи кам шудани оби Ғ. ба он боз як ду маротиба оби ҷӯш ҳамроҳ мекунанд. Ба 1 кг ғӯлинг 2 – 4 л оби ҷӯшидаи хунук андохтан лозим аст. Дар гузашта Ғ. аз ҷумлаи хӯрданиҳои ҷашни арӯсӣ (шаби никоҳ) буд ва як ҷузъи ҳафтмева ба шумор мерафт. Ғ.-ро одатан дар фасли баҳор (дар баъзе маҳалҳо, фасли тирамоҳ) тайёр мекунанд. Ғ.-ро одатан саҳаргоҳон, инчунин нисфирӯзӣ ва бегоҳӣ менӯшанд. Давои беҳамтои фишорфирор ва тақвиятбахши дил аст.
Ад.: Аминов С., Ванукевич А., Таомҳои тоҷикӣ, Д., 1967.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …