Хабарҳои охирин

ҒОИБОВ Алиҷон Ҷӯраевич

goibov-alichon-churaevich

ҒОИБОВ Алиҷон Ҷӯраевич (тав. 20. 08. 1957, деҳаи Навободи ноҳ. Қумсангир), духтури ҷарроҳ, доктори илмҳои тиб (1996), проф. (1997), Узви вобастаи АИТТ (2010), дорандаи Мукофоти давлатии ҶТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2002). Хатмкардаи ДДТТ (1979). Ординатори клиникии Маркази илмии умумииттифоқии ҷарроҳии АИТ ИҶШС (1981 – 83), ординатори Беморхонаи клиникии …

Муфассал »

ҒОМРУК

gomruk

ҒОМРУК (Colutea paulsenii), говқасиркунак, камширак, зинҷак, қасирак як навъ бутта. То 2 м қад мекашад. Баргаш пармонанд. Хӯшагулаш 3 – 15-гула; гулаш зард, норанҷӣ (май – июн мешукуфад). Ғилофакаш пуфакмонанд, байзашакл; тухмаш дорчинӣ. Буттаи хоси Тоҷикистон (қ-кӯҳҳои Зарафшон, Туркистон, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ, инчунин Помири Ғарбӣ; 800 …

Муфассал »

ҒОР

gor

ҒОР (Laurus nobilis), дарахти ғор, даҳмушт, дарахтест ҳамешасабз. То 19 м қад мекашад. Баргаш чармгун, дарозрӯя ё нештаршакл; гулаш майдаи сафед; мевааш яктухма, сиёҳи кабудтоб. Дар ҷангалҳои кӯҳсори кишварҳои Баҳри Миёназамин худрӯй аст. Дар Юнони Қадим ғолибони мусобиқа, қаҳрамонон, шоирон ва ғ.-ро бо чанбари Ғ. (лавр) сарфароз мекарданд (калимаи «лауреат» …

Муфассал »

ҒОФИҚӣ

braginskiy

ҒОФИҚӣ, Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни ас-Сайид ал-Ғофиқӣ ал-Мағрибӣ (с. тав. номаълум – ваф. 1165), гиёҳшинос, табиб ва дорушиноси номии Андалус (Испанияи исломӣ). Дар Ғофиқ ном шаҳраке дар наздикии Қуртуба ба дунё омадааст. Илми тиб ва дорушиносиро бисёр хуб ва амиқ омӯхта, дар маърифати қувваҳо, манофеъ, хосиятҳо ва …

Муфассал »

ҒУБАЙРОИ СИЁҲ

gubayroi-siyoh

ҒУБАЙРОИ СИЁҲ (Aronia melanocarpa), бутта ё дарахтест хурд; аз 0,5 то 2 м қад мекашад. Гулаш сафед, мевааш мурудмонанд, сиёҳи ҷилодор, нордон, хуштаъм. Аз ҳар бех дарахти боғии 40-сола то 100 – 250 кг мева меғундоранд. Меваашро тару тоза ва хушконида истеъмол мекунанд. Мева ва оби он мушаҳҳӣ (иштиҳоовар) аст, …

Муфассал »