Хабарҳои охирин

ҒАДУДҲОИ ЧАРБ

gadudhoi-charb

ҒАДУДҲОИ ЧАРБ (Glandulae sebaceae), ғадудҳои пӯст, ки маҳсули онҳо мӯй ва сатҳи пӯстро равғанин мекунад. Ғ. ч. дар тамоми сатҳи пӯсти бадан ҷой доранд; адади онҳо хусусан дар пӯсти рӯй, сина ва тахтапушт бисёр аст. Қариб ҳамаи Ғ. ч. дар фолликулаҳои мӯй боз мешаванд. Дар сари олоти таносул, ғалафа, лабҳои …

Муфассал »

ҒАРИЗА

instinkt

ҒАРИЗА, инстинкт, рафтори модарзоди ҳайвоноту одам, ки барои мутобиқат дар шароити муайяни ҳаёт нигаронида шуда, зери таъсири эҳтиёҷи биологӣ (ғизо, алоқаи ҷинсӣ ва ғ.) рух менамояд. Ғ. аз омезиши ҷузъҳои модарзодӣ ва ғайримодарзодие, ки дар ҷараёни инкишофи фардии организм ҳосил шудаанд, иборат аст. Аз ин сабаб на дар бораи Ғ., …

Муфассал »

ҒАРҚ ШУДАН

garki_ob

ҒАРҚ ШУДАН, дар об ва баъзе моеъоти дигар фурӯ рафтани одам. Дар натиҷаи Ғ. ш. фаъолияти узвҳои зарурӣ сахт ихтилол меёбад (мас., системаи асаби марказӣ, узвҳои нафас, системаи хунгард ва ғ.). Аксар вақт одамон ҳангоми дар ҷойҳои кушод оббозӣ кардан ғарқ мешаванд. Мувофиқи маълумоти Федератсияи байналхалқии шиноварӣ ҳар сол дар …

Муфассал »

ҒАРМАШ

alcea-nudiflora

ҒАРМАШ (Alcea nudiflora), гулхайрии сафед, гиёҳест бисёрсола. Пояаш рост; аз 30 см то 2 м қад мекашад. Баргаш калон (дарозии думчааш то 20 см, бари паҳнакаш 3 – 18 см), мудаввар. Гулаш сафед, қифшакл. Тухмаш гурдашакли сиёҳтоб. Моҳҳои май – сент. гул карда, тухм мебандад. Ғ. дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон …

Муфассал »

ҒАСЛИ МАҲБАЛ

gasli-mahbal

ҒАСЛИ МАҲБАЛ, бо обдуздак шустани маҳбал; тадбирест, ки фақат бо тавсияи духтур дар мавриди бемориҳои газаковари музмини узвҳои таносули занона ба кор мебаранд. Ғасли мунтазами маҳбал бидуни маслиҳати духтур (мас., барои дуҷон нашудан) мумкин аст боиси тағйири муҳити он гардад, муқовиматро бар зидди микробҳои бемориовар заиф намояд. Барои Ғ. м. …

Муфассал »